Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Задубандҳои Русияву Беларусия дар бораи Баумгертнер


Владислав Баумгертнер
Владислав Баумгертнер
Додситонии кулли Русия мегӯяд, ки Беларусия ба истирдоди Владислав Баумгертнер-раиси ширкати Уралкалий розӣ шудааст. Вайро моҳи август дар Минск боздошт карда буданд. Минск то ҳол истирдоди Баумгертнерро таъйид накардааст.

Баумгертнер баъд аз суқути як ширкати муштарак бо ширкати давлатии Беларусия боздошт шуд. Вайро мақомоти Беларусия ба суистифода аз мақом муттаҳам ва ба ҳабси хонагӣ гирифтанд.

Хабари истирдоди вай баъд аз он пахш гардид, ки Сулаймон Каримов розӣ шуд, то 22 дарсади саҳмияи Уралкалийро ба миллиардер Михаил Прохоров фурӯшад. Александр Лукашенко-раиси ҷумҳури Беларусия аз Сулаймон Каримов дархост кард, ки саҳмияи худ дар Уралкалийро бифурӯшад, дар он сурат Баумгертнер раҳо хоҳад шуд. Лукашенко ҳамчунин хостори барқарории ширкати муштараки Русия-Беларусия шудааст. Ин ширкат 40 дарсади тавлиди карбит дар бозори ҷаҳониро дар ихтиёр дорад.
XS
SM
MD
LG