Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади Таваккал Ҳоҷиевро ба хешовандонаш баргардонданд


Таваккал Ҳоҷиев
Таваккал Ҳоҷиев
Хешовандони Таваккал Хоҷиев, ки зиндонбонон ҷасадашро аз зиндон ба онҳо баргардонданд, бар ин ақидаанд, ки Таваккал дар зиндон аз шиканҷа ҷон додааст. Таваккал барои созмон додани эътирозҳои соли 2005 дар Андиҷон маҳкум ба зиндон шуда буд. Ҷасади вайро рӯзи шанбе ба хешовандонаш супурданд.

Мақомот мегӯянд, ки Таваккал аз сактаи қалб ҷон додааст. Хешовандони вай ба радиои Озодӣ гуфтаанд, ки ҷасади вайро кормандони амниятӣ овардаанд ва гуфтаанд, ки Таваккалро ҳар чӣ зудтар ба хок супоранд. Ба касе иҷоза дода нашудааст, ки ҷасади вайро бинад ва худи мақомот маросими ҷанозаи вайро зуд баргузор кардаанд. Танҳо ба модараш қабл аз ба хок супурдан рӯи вайро нишон доданд.

Хешовандонаш мегӯянд, ки бори охир Таваккалро 70 рӯз пеш дидаанд ва вай аз саломатиаш шикоят накардааст. Вай 36 сол дошт ва барои 17 сол маҳкум ба зиндон шуда буд.
XS
SM
MD
LG