Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвиз Мушаррафро ба ҳабс мегиранд


Парвиз Мушарраф
Парвиз Мушарраф
Чоудрӣ Нисор Алихон-вазири дохилаи Покистон эълон кард, ки Парвиз Мушарраф-раиси ҷумҳури пешини ин кишвар барои хиёнат ба ҳабс гирифта мешавад. Алихон гуфт, ки ҳукумат Мушаррафро тибқи моддаи 6 Қонуни Асосии кишвар барои эълон кардани вазъи фавқулодда дар соли 2007 ва боз доштани эътибори Қонуни Асосӣ гунаҳгор медонад.

Вазири дохила гуфт, раиси додгоҳ рӯзи душанбе азҳукумат номае дарёфт хоҳад кард. Дар ин нома аз додгоҳи низомӣ тақозо мешавад, ки бар зидди Мушарраф барои муҳокимаи вай парванда боз шавад. Ҳукумат ҳамчунин рӯзи душанбе додситони вижаеро таъин хоҳад кард.

Мушарраф аввалин раҳбари низомӣ дар Покистон аст, ки барои хиёнат ба ватан муҳокима мешавад. Ин кишвар се кудето ё табадуллоти низомиро аз сар гузарондааст.
XS
SM
MD
LG