Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи маҳви аслиҳаи кимиёии Сурия баррасӣ мешавад


Созмони Манъи Истифода аз Аслиҳаи Кимиёӣ имрӯз дар шаҳри Гаагаи Ҳолланд барномаи маҳви захираҳои ин навъи аслиҳа дар Сурияро баррасӣ мекунад. Тасвиби ин барнома, як қадами муҳими ҷомеаи байналмилалӣ барои маҳви анборҳои аслиҳаи кимиёӣ дар Сурия хоҳад буд. Нозирони созмони мазкур як моҳ пеш ба таҳқиқ ва нобуд кардани таъсисоту таҷҳизоти тавлиди аслиҳаи кимиёӣ дар Сурия шурӯъ карданд. Ба далели идомаи ҷанг дар Сурия, маҳви худи аслиҳа дар хориҷ аз кишварро як роҳи беҳтарин медонанд. Албанияро як кишвари мувофиқ барои ин кор ном бурдаанд, чун дар гузашта захираҳои гази кушандаи худро нобуд кардааст. Аммо дар Албания садҳо нафар ба нишони эътироз аз овардани аслиҳаи кимиёӣ аз Сурия эътироз кардаанд.
XS
SM
MD
LG