Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА аз харидани чархболҳои русӣ сарпечӣ кард


Вазорати дифои ИМА созиши харидани чархболҳои боркаши Ми-17 аз ширкати "Рособоронэкспорт" дар соли 2014-ро лағв кард. 15 чархбол ба маблағи 345 миллион доллар бояд барои артиши Афғонистон ба хотири интиқоли низомиён ва борҳои гуногун пешбинӣ шуда буд. Аз соли 2011 ба ин сӯ ИМА аз Русия 63 чархболи боркаши Ми-17-ро ба маблағи беш аз миллиард доллар харидааст.

Бо вуҷуди изҳороти Пентагон дар бораи барои артиши Афғонистон мувофиқ будани чархболҳои Ми-17, аъзои Конгресси ИМА чандин бор алайҳи харидории ин чархболҳо аз ширкати "Рособоронэкспорт" садо баланд карда буданд.

Мунаққидон мегӯянд, Амрико набояд бо ширкате, ки ҳукумати Сурияро бо силоҳу таҷҳизоти низомӣ таъмин мекунад, ҳамкорӣ дошта бошад. Узви Сенат аз аёлати Техас ҷумҳурихоҳ Ҷон Корнин аз тасмими ахири вазорати дифоъ истиқбол кард ва гуфт, ҳамкорӣ бо ширкате, ки силоҳи фурӯхтааш алайҳи мухолифин ва мардуми осоиштаи Сурия истифода мешавад, “бадахлоқист”.
XS
SM
MD
LG