Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ хостори кӯмакҳои бештар ба офатзадагони Филиппин шуд


Кӯдакони Филиппин
Кӯдакони Филиппин
СММ даъват кард, ки барои кӯмак ва рафъи пайомадҳои тӯфони баҳрӣ дар Филиппин 301 миллион доллар ҷамъоварӣ шавад. Валерие Амос-муовини Дабири кулли СММ дар умури башарӣ рӯзи сешанбе гуфт, ин кӯмакҳо бар иловаи 25 миллион доллар маблағест, ки СММ аз будҷаи кӯмакҳои таъҷилии худ ҷудо кардааст.

Ҳоло Амос дар Манила қарор дорад ва амалиёти кӯмак ба Филиппинро раҳбарӣ мекунад. Баъзе кишварҳо бо ҳавопаймо ва киштӣ кӯмакҳои худро ба ин кишвар мефиристанд, вале рӯзноманигорон мегӯянд, ки ба бисёре аз минтақаҳо ин кӯмакҳо намерасад ва ғазаби аҳолӣ меафзояд.

Рӯзи сешанбе Бенигно Акино-раиси ҷумҳури Филиппин гуфт, ки шумораи қурбониёни ин офат 10 ҳазор нафар нест, он гуна ки пештар эълон шуда буд, балки аз 2 000 то 2500 нафар мебошад.
XS
SM
MD
LG