Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳейг: Таҳримҳои зидди Эрон метавонад сабуктар шавад


Виллиам Ҳейг ва Муҳаммад Ҷавод Зарифӣ, вазирони корҳои хориҷаи Британия ва Эрон
Виллиам Ҳейг ва Муҳаммад Ҷавод Зарифӣ, вазирони корҳои хориҷаи Британия ва Эрон
Виллиам Ҳейг-вазири корҳои хориҷаи Британия мегӯяд, дар сурати тавофуқ бо Эрон дар мавриди боздоштани фаъолиятҳои ҳастаиаш таҳримҳои иқтисодии байналмиллалӣ сабуктар мешавад. Рӯзи душанбе Виллиам Ҳейг дар номае ба порламони Британия навишт, агар Эрон замонат диҳад, ки аслиҳаи ҳастаӣ эҷод намекунад, дар он сурат таҳримҳои байналмиллалӣ сабуктар мешавад. Вале ин ризояти Эрон бояд то даври ниҳоӣ ба даст ояд.

Ҳейг суханони Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрикоро такрор кард, ки гуфта буд, Фаронса ба созишномаи музокироти охири ҳафтаи Женев вето нагузоштааст. Дар ин музокирот, ки 5 бар иловаи як ном дорад, Русияву Чин, Фаронсаву Британия ва Олмону Амрико ширкат карданд.

Ҳейг таъкид кард, ки то даври навбатии музокирот, ки қарор аст 20 ноябр баргузор шавад, бояд аз фурсат истифода бурд. Аммо эътироф кард, ки миёни мақомоти Эрон ва 6 қудрати ҷаҳонӣ холигоҳ вуҷуд дорад.
XS
SM
MD
LG