Дастаи “Саройкамар”-и ноҳияи Панҷ дар майдони худ бар тими “Далерон-Ӯротеппа”-и шаҳри Истравашан боҳисоби 2-1 ғалаба кард. Беҳрӯз Сангинов, бозигари меҳмонон, дар дақиқаи 4-ум ҳисбро боз намуд. Баъди 4 дақиқа Хуршед Ямоқов, бозигари мизбонон, ҳисобро баробар кард. Дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 52-юм ҳамлагар Ҷонибек Ғафффоров голи дувум ва ҳалкунандаи “Саройкамар”-ро ба ҳадаф расонд.
Ба иттилои Владимир Домуллоҷонов, нозири ин бозӣ, ду нафар – Беҳзод Мӯсоев аз дастаи “Далерон-Ӯротеппа” ва Иброҳим Мӯҳтоҷзода аз дастаи “Саройкамар” барои корти дувуми зард аз майдон хориҷ шуданд.
Дар бозии дувум дастаи “Эсхата”-и шаҳри Хуҷанд бар тими меҳмон – “Кӯктош+С”-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби 1-0 ғолиб омад. Голи ягонаро Саидҷон Шарифов дар дақиқаи 5-уми бозӣ ба самар расонд. Дар ин бора ба радиои Озодӣ Аҳлиддин Юнусов, мудири шӯъбаи баргузории мусобиқоти Федератсияи футболи вилояти Суғд, хабардод.
Бозиҳои ҷавобии ин дастаҳо рӯзи шанбеи 16-уми ноябр баргузор мешаванд. Бар асоси дастури мусобиқот ду дастаи беҳтарини лигаи якум ба лигаи олӣ роҳхат мегиранд.
Бозиҳои ҷавобӣ – 16-уми ноябр (шанбе) – соати 13:30
Бозии 3-юм – “Далерон-Ӯротеппа” – “Саройкамар”
Бозии 4-ум – “Кӯктош+С” – “Эсхата”
Бозӣ барои ҷойи 3-юм – 20-уми ноябр (чоршанбе) – соати 14:00
Бозии 5-ум – мағлуби бозии 3-юм – мағлуби бозии 4-ум
Бозӣ барои ҷойи 1-ум – 20-уми ноябр (чоршанбе) – соати 14:00
Бозии 6-ум – ғолиби бозии 3-юм – ғолиби бозии 4-ум
Бозии ҷавобӣ – 24-уми ноябр (якшанбе) – соати 13:30