Дар озмуни Маликаи зебоӣ, ки имсол дар шаҳри Маскав баргузор шуд, Габриела Ислер аз Венесуэла пирӯз шуд. Доварони озмун, шоми шанбе ин духтари 25-соларо, ки ба ҳайси барандаи телевизиони Венесуэла кор мекунад, сазовори тоҷи Маликаи зебоӣ донистанд. Тайи 6 соли ахир бори саввум аст, ки духтарони Венесуэла дар ин озмуни ҷаҳонӣ пирӯз мешаванд. Дар озмуни мазкур намояндагони 86 кишвар ширкат карданд.