Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия барои 2 рӯзноманигор аз Норвегия узр хост


Вазорати корҳои хориҷаи Русия
Вазорати корҳои хориҷаи Русия
Русия аз ду рӯзноманигори Норвегия, ки бино ба гузоришҳо, пулис онҳоро боздошт ва мавриди бозпурсӣ қарор дода буд, узр хост. Онҳо мехостанд аз ҷараёни омодагиҳо ба бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2014 дар Сочӣ гузориш таҳия кунанд.

Шабакаи телевизионии TV2, ки ба таври расмӣ аз бозиҳо барнома пахш мекунад гуфт, ки рӯзноманигорон Ойштин Боген ва Оге Оуэн аз тарафи пулис боздошт ва бозпурсӣ шудаанд. Пулис дороии онҳоро кофтуков кардаст ва гуфтааст, ки яке аз онҳо маводи мухаддир истеъмол мекардааст.

Вазорати корҳои хориҷаи Русия дар изҳороте гуфт, ки афсарони пулис аз мақоми худ суистифода кардаанд, ки он сабаби “бархӯрди нодуруст ба шаҳрвандони Норвегия” шудааст. Дар ин изҳорот аз ин ду рӯзноманигор узр хостаанд ва гуфтаанд ононе, ки ба чунин кор даст задаанд, ба муҷозот кашонда мешаванд. Дар изҳорорти Human Rights Watch ё Дидбони Ҳуқуқи Башар омадааст, ки рӯзноманигорон ҳангоми вуруд ва хуруҷ аз Сочӣ чанд дафъа боздошт шуда будаанд.
XS
SM
MD
LG