Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чор медали паҳлавонони тоҷик дар Миср


Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии гуштии варзишӣ дар Қоҳира чор медал ба даст оварданд.

Ба иттилои Федератсияи гуштии Тоҷикистон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштии озод ва гуштии фарангӣ ё юнониву румӣ миёни бузургсолон барои гиромидошти хотираи Иброҳим Мустафо, қаҳрамони Бозиҳои олимпии соли 1928, ки дар пойтахти Миср баргузор шуд, Тоҷикистонро се нафар - ду варзишгар – Фаррух Беков ва Фаррух Шарифов, инчунин, довари дараҷаи байналмилалӣ Ҳабибулло Нарзуллоев намояндагӣ карданд.

Ҳарду паҳлавони тоҷик дар ҳарду намуди гуштӣ дар вазни то 60 кг бо медалҳо сарфароз гаштанд. Фаррух Шарифов дар ҳарду намуди гуштӣ ду медали нуқра гирифт. Фаррух Беков бошад, дар сабқати гуштии озод бо медали нуқра ва дар сабқати гуштии фарангӣ бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.
XS
SM
MD
LG