Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз бозии мунтахаби футзали Тоҷикистон бо Қирғизистон


Имрӯз, 5-уми ноябр, дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон нахустин бозиашро дар даври интихобии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2014 муқобили дастаи Қирғизистон анҷом медиҳад.

Бозиҳои мусобиқоти минтақаи Осиёи Марказӣ аз 5-ум то 7-уми ноябр дар маҷмааи варзишии “Узбакистон”-и шаҳри Тошканд баргузор мешаванд. Дар гурӯҳи “А” дастаҳои мунтахаби Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон рақобат мекунанд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар даври дувум 6-уми ноябр бо мунтахаби Узбакистон ва 7-уми ноябр бо дастаи Туркманистон бозӣ мекунад. Аз ин гурӯҳ се даста ба марҳалаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2014 роҳхат мегиранд.

Дамир Камолиддинов, сармураббии дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, «мақсади мо ба даст овардани роҳхат ба марҳалаи ниҳоии мусобиқот мебошад ва мо тамоми қувваамонро баҳри иҷрои ин вазифа равона мекунем.»

Ёдовар мешавем, ки марҳалаи ниҳоии мусобиқоти соли гузашта дар Имороти Муттаҳидаи Араб баргузор шуда буд. Мунтахаби Ҷопон қаҳрамони феълии Осиё мебошад.

Тақвими бозиҳои интихобии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2014 оид ба футзал дар гурӯҳи «А» (Минтақаи Осиёи Марказӣ):

Даври 1-ум
5-уми ноябр (сешанбе)

16:00 – Қирғизистон - Тоҷикистон
19:00 – Узбакистон - Туркманистон

Даври 2-юм
6-уми ноябр (чоршанбе)

16:00 – Туркманистон - Қирғизистон
19:00 – Тоҷикистон - Узбакистон

Даври 3-юм
7-уми ноябр (панҷшанбе)

16:00 – Тоҷикистон - Туркманистон
19:00 – Узбакистон - Қирғизистон.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG