Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ҷумҳури Косово ба сербҳои тундрав ҳушдор дод


Баъди бурузи хушунат дар интихоботи маҷлисҳои маҳаллии ноҳияҳои умдатан сербнишини Косово, раиси ҷумҳур Отифа Яҳёоғо ба тундравони серб ҳушдор додааст, ки ба кори ҳукумати марказӣ монеа эҷод накунанд. Рӯзи якшанбе афроди ниқобпӯш ба ҳавзаи марказии раъйдиҳӣ дар шаҳри Митровитса ҳамла карда, қуттиҳои раъйдиҳиро хароб карданд ва онро оташ заданд. Баъди ин кори се қитъаи раъйдиҳии Митровиста қатъ карда шуд. Отифа Яҳёоғо, дар як баёнияи катбӣ гуфт, ки маъмурони интизомӣ барои барқарории низому тартиб ба ҳар гуна хушунат посухи қатъӣ хоҳанд дод. Дар интихоботи маҷлисҳои маҳаллӣ дар Косово, ба истиснои раъйи мардуми манотиқи сербнишин 46 дар сад раъй додаанд. Сербистон, ки истиқлолияти Косовро ба расмият намешиносад, мардуми сербтаборро ба ширкат дар интихобот ташвиқ мекард.
XS
SM
MD
LG