Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, дар идомаи сафари 11 рӯзааш ба Ховари Миёна, Шимоли Африқо ва Аврупо вориди Арабистони Саудӣ шуд. Интизор меравад, Ҷон Керрӣ, дар мулоқоташ бо раҳбарони Саудӣ, муносиботи ду кишварро баррасӣ кунад, ки бинобар ихтилофи назар дар масъалаи Мисру муноқишаи Сурия ба андаке сардӣ гароидааст. Вазири умури хориҷии Амрико рӯзи якшанбе дар Қоҳира гуфт, ягона роҳи Миср ба суботу, рушди иқтисодӣ, “бозгашт ба демократия” аст. Ӯ таъкид кард, ки Иёлоти Муттаҳида ҳамчунон бо ҳукумати муваққатии Миср ҳамкориро идома хоҳад дод. Дар масъалаи Сурия ӯ эътироф кард, ки сари шеваҳои поён додан ба ҷанг дар он кишвар ихтилофоти назар вуҷуд дорад, вале ҳадафи ниҳоии Амрикову ҳампаймонҳояш, як чиз ва он ҳам интиқоли қудрат дар Сурия аст.