Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро президент ба арқоми иқтисодӣ шубҳа кард?


Маҷлиси ахири ҳукумати Тоҷикистон.Рӯзи 31-уми октябри соли 2013.
Маҷлиси ахири ҳукумати Тоҷикистон.Рӯзи 31-уми октябри соли 2013.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи охири ҳукумат аз Оҷонсии омор талаб кардааст, то ба мақомоти давлатӣ омори дақиқ пешниҳод кунад.

Раисҷумҳур гуфтааст, “ҳисоботҳо, хусусан доир ба ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, новобаста ба шакли моликияти истеҳсолкунундагон, бояд дақиқ бошанд, то ки нақшаю барномаҳои давлатӣ низ дар асоси онҳо дақиқу самарабахш таҳия, қабул ва амалӣ карда шаванд”.

Ба гуфтаи бархе аз ширкатдорони ин ҷаласа, раисҷумҳур аз он нигаронӣ кардааст, ки соҳибкорону истеҳсолкунандагон на ҳама вақт омори дақиқ пешниҳод мекунанд ва дар натиҷа вазъи воқеии истеҳсолот дар Тоҷикистон пинҳон мемонад. Раисҷумҳур аз ҷумла ба хоҷагиҳои пахтакор ишора кардааст, ки ҳаҷми истеҳсоли воқеии пахтаро нодуруст нишон медиҳанд, то онро дар корхонаҳои хусусии пахтатозакунӣ коркард кунанд. Дар натиҷа омори расмии истеҳсоли пахта аз будаш камтар дарҷ мешавад.

Ин дар ҳолест, ки омори Оҷонсии давлатӣ ҳамеша мавриди шубҳаи коршиносону иқтисоддонҳои мустақил буда, онҳо ба шеваи ҷамъовариву таҳлили арқоми ин ниҳод бовар надоранд.

Қурбоналӣ Партоев, коршиноси умури кишоварзӣ мегӯяд, чанд соли ахир ӯро омори расмии истеҳсоли картошка дар ҳайрат мегузорад. Партоев мегӯяд: «Дар Тоҷикистон мувофиқи оморҳои охир дар як сол 990 ҳазор тонна картошка истеҳсол шудааст. Агар ба ҳисоби миёна як нафар дар кишвари мо дар як сол 100-110 кило картошка истеъмол кунад, пас ин миқдор картошка басандаву барзиёд аст барои аҳолӣ. Вале бо вуҷуди ин, мо мебинем, ки ба бозорҳои мо аз Покистону Афғонистон картошка ворид мекунанд. Пас чӣ хел мешавад ба дурустии ин омор бовар кунем?».

Партоев мегӯяд, дар мавриди оморҳои шубҳабарангез дар арсаи кишоварзӣ мисолҳои зиёд мешавад овард, вале, мисоли барҷастааш картошка аст.
Аммо Қиёмиддин Норов, муовини раиси Оҷонсии омори назди президенти Тоҷикистон дар сӯҳбат ба радиои «Озодӣ» бори масъулиятро ба сӯи омордиҳандаҳо тела дод ва гуфт, гоҳо раҳбарони корхонаву ташкилотҳо ба ин оҷонси рақамҳои ғалати омориро пешниҳод мекунанд:

«Ҳастанд ҳолатҳое, ки раҳбарони корхонаҳо ва ҳисоботдиҳандаҳо, ҳаҷми воқеии истеҳсолотро, ҳаҷми фурӯши маҳсулотро бо сабабҳои гуногун дуруст нишон намедиҳанд. Аммо билохира ин носаҳеҳӣ баъдан ошкор мешавад. Вақте мо ҳамаи оморҳоро масалан, музди меҳнат, даромад, истифодаи сӯзишворӣ ҷамъ мекунем, он носаҳеҳӣ ошкор мешавад билохира».

Ҷаноби Норов афзуд, ки аксарияти оморҳои ба дастомадаро ин оҷонсӣ дар асоси гузориши идораву вазоратҳои марбута омода ва нашр мекунад ва ба дурустии бисёре аз арқом худи вазоратҳо масъуланд. Ба гуфтаи ин ҳамсуҳбати мо, Оҷонсии омор дар навбаи худ дурустии бархе аз рақамҳои шубҳабарангезро дубора тафтиш мекунад ва агар роҳбарони ниҳодҳо ҳадафмандона омори бардурӯғ пешниҳод карда бошанд, оҷонсӣ онҳоро ҷаримабандӣ мекунад. Ин мақоми оҷонсии омор нагуфт, ки то ҳол чанд нафар ба идораи онҳо омори бардурӯғ пешниҳод карданд ва чӣ касоне дар пайи ин шеваи кор муҷозот шудаанд.
XS
SM
MD
LG