Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон аз сохтмони лулаи газ ба Покистон даст мекашад


Лулаи гази Эрон-Покистон
Лулаи гази Эрон-Покистон
Бежан Зангане-вазири нафти Эрон мегӯяд, ба эҳтимоли зиёд кишвараш аз қарордоди чандмиллиард долларӣ дар бораи таъмини Покистон бо газ даст хоҳад кашид. Вай рӯзи чаҳоршанбе изҳор дошт, ки “зоҳиран ин қарордод лағв мешавад”.
Аммо Шаҳид Ҳоқон Аббосӣ-вазири нафти Покистон рӯзи панҷшанбе гуфт, “ҳеҷ имкони берун шудан аз ин тарҳ вуҷуд надорад, зеро мо ба он ниёз дорем”.

Бар асоси ин қарордод, Эрон бояд аз соли оянда ба Покистон рӯзе 21,5 миллион метри муккааб газ диҳад. Ин тарҳи 7,5 миллиард долларӣ бори дигар ба таъхир афтодааст. Эрон сохтмони 900 километр лулаи газ то ба марзро тақрибан ба итмом расондааст.

Вале Покистон дар пардохти арзиши сохтмони лулаи 780 километрӣ дар қаламрави худ ба мушкил рӯ ба рӯ шудааст ва ҳарос дорад, ки бо чунин кораш таҳримҳои Амрико бар зидди Эронро вайрон хоҳад кард. То ҳол Эрон мегуфт, ки ин тарҳро то ба охир хоҳад расонд.
XS
SM
MD
LG