Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ФФТ: "Аз бозии дӯстона бо Қирғизистон даст накашидаем»


Федератсияи футболи Тоҷикистон мегӯяд, ки мунтахаби миллии кишвар аз бозии дӯстона бо мунтахаби Қирғизистон даст накашидааст.

Ин дар ҳолест, ки расонаҳои қирғизӣ рӯзи гузашта навиштанд, ки мунтахаби футболи Тоҷикистон аз бозии ҷавобии дӯстона бо Қирғизистон даст кашидааст.

Дар ин бора сомонаи рӯзномаи «Вечерний Бишкек» www.vb.kg рӯзи 29-уми октябр хабар дода буд. Дар он омадааст, ба иттилои Федератсияи футболи Қирғизистон, мунтахаби Тоҷикистон сабаби даст кашидан аз бозии дӯстонаро, ки бояд 15-уми ноябр дар Душанбе баргузор мешуд, нагуфтааст.

Дар бастагӣ ба ин мавзӯъ Ислом Маҳмадшоев, дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), рӯзи 20-юми октябр ба радиои Озодӣ гуфт: “Мо аз бозии ҷавобии дӯстона бо мунтахаби Қирғизистон даст накашидаем. Дар бораи гузаронидани ин бозӣ мо бо ҳамтоёни қирғизи худ ба таври шифоҳӣ маслиҳат карда будем. Вале барои он ки бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби кишварҳо баргузор шавад, ҳатман тасмими расмии ҳарду ҷониб ва иҷозаи AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) ва FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) зарур аст. Инчунин мо бо мунтахаби Беларус низ дар бораи гузаронидани бозии дӯстона маслиҳати шифоҳӣ доштем, вале ин кор ба таври расмӣ аз ҳарду ҷониб ба тавофуқ нарасидааст."

Оқои Мамадшоев дар идома гуфт: "Мо тасмим гирифтем соли оянда бозиҳои дӯстонаи мунтахаби Тоҷикистонро бо Беларусу Қирғизистон ва дигар кишварҳо ба таври расмӣ баргузор намоем, ки мӯҳлати гузаронидани ин бозиҳо бояд ба санаҳои муқаррарнамудаи FIFA рост ояд. Мутаассифона, дар баъзе расонаҳо хабар дода шудааст, ки бинобар омода набудани Варзишгоҳи марказии Душанбе бозиҳои дӯстонаи мунтахаби Тоҷикистон бо Қирғизистону Беларус гузаронида намешаванд. Ин посухи сухангӯи ФФТ хатост. Зеро мо барои гузаронидани чунин бозиҳои байналмилалӣ боз ду варзишгоҳи дигар дорем, ба мисли “Металлург”-и шаҳри Турсунзода ва “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд”.

Ёдовар мешавем, ки бозии аввали дӯстона миёни тимҳои миллии Қирғизистону Тоҷикистон 15-уми сентябр дар шаҳри Бишкек бо пирӯзии футболбозони тоҷик бо ҳисоби бузурги 4-1 ба анҷом расида буд.
XS
SM
MD
LG