Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хоруғ ба интихобот омодааст?


Агарчанде то интихоботи президентӣ камтар аз даҳ рӯз мондаст, вале қитъаҳои райъдиҳии ҳавзаи интихоботии Хоруғ ҳанӯз ба интихобот омода нестанд.

Дар ҷаласаи мақомоти вилоятӣ аз таъхир дар тартиб додани рӯйихати интихобкунандагон изҳори нигаронӣ шуда, талаб шудаст, ки рӯйихат бояд ҳарчӣ тезтар тартиб дода шуда, дар назди қитъаҳои раъйдиҳӣ гузошта шавад.

Аммо раиси комиссияи интихоботии қитаъи овоздиҳии рақами 10-и Хоруғ Қаландаршо Муборкшоев мегӯяд, ки сабаҳои техникӣ боиси ба таъхир афтодани барӯйихати интихобкунандагон шуда, онҳо натавонистанд, дар мӯҳлати дар қонун муқаррашуда дар саҳни биное, ки дар он қитъаи раъйдиҳӣ ҷой гирифтааст ин рӯйихатро овезон кунандд. Ба қавли оқои Муборакшоев, комиссияҳои қитъавӣ бланкаҳои махсусеро, ки дар он рӯйихати интихобкунандагон навишта мешавад, танҳо ду рӯз пеш дастрас карданд, зеро автомашинае, ки ин асноди интихоботӣ бо он бо Хоруғ равон шудаст, дар роҳ вайрон шуда, дер ба маркази вилоят расидааст.

Раиси комиссияи қитъавӣ афзуд, ки аммо аъзои комиссияи қитъавӣ ва ихтиёриён барои барӯихатгирии интихобкунандагони қитъа ба маҳал сафарбар шуда, ҳамаро ба рӯйихат гирифтанд. Ба гуфтаи вай, тибқи барӯйхатгирии пешакӣ, 1850 интихобкунанда доимӣ ва ё муваққатӣ дар ҳудуди қитъаи интихоботӣ истиқомат доранд.

Аммо тоҷирони бозори Хоруғ, ки аз дигар манотиқи кишвар дар ин ҷо ба фаъолият машғул ҳастанд, мегӯянд, ки то ба ҳол касе ба онҳо ба манзури ба рӯйихати интихобкунандагон шомил намудан муроҷиат накардаст. Карим Матисаев, сокини ноҳияи Мурғоб гуфт, ки вай рӯзи интихоботро ҳам ба сифати ошпаз дар Хоруғ мегузаронад, зеро агарчанде интихобот кори муҳим бошад, вале ризқу рӯзии хонаводаро пайдо намудан барояш боз ҳам муҳимтар аст. Вай гуфт: "Куҷое мардум равад, ман ҳам рафта овоз медиҳам, вале то ҳол касе барои барӯйихат гирифтан ба ман муроҷиат накардааст."

Фарухи Абдуалим, як сокини ноҳияи Ҳисор, ки дар бозори Хоруғ ба нонпазӣ машғул ҳаст, мегӯяд, ки ба мисли вай қариб 100 нафари дигар аз дигар манотиқ ба фаъолиятҳои тиҷоратӣ дар бозор машғуланд, аммо касе онҳоро ба рӯйихат нагирифтааст. Вай баён дошт: "Рӯзи интихобот куҷое, ки халқ равад, ҳамин шаҳрвандони раванд, мо ҳам ба қатори ҳамин шаҳрандон меравем овоз медиҳем, ки иншоаллоҳ тинҷ гузарад. Ҳеҷ кас ба мо муроҷиат накардаст, барои барӯйихатгирӣ, вале меравем дар қатори халқ."

Аммо коршиносон мегӯянд, тоҷироне, ки аз таваҷҷӯҳи комиссияҳои қитъавӣ берун монданд, ба гумон аст, ки рӯзи интихобот аз «пайи халқ» раванд. Онҳо ё ба овоздиҳӣ намераванд ва ё дар маҳалҳои зисти истиқоматиашон ба ҷояшон каси дигар аз хонаводаашон овоз медиҳад.

Дар ҳамин ҳол агарчанде то интихобот рӯзҳои башумор монданд, вале дар кӯчаҳои Хоруғ аксе ва ё овезае аз номзадҳои дигари сабқати президентӣ ба чашм намехӯрад. Танҳо аксҳои Эмомалӣ Раҳмон ва овезаҳо бо суханонаш, ки яке аз онҳо дар ҷойи аз ҳама намоён гузошта шудааст - «Бадахшонро ба дарвозаи тиллоӣ табдил медиҳем» довталаби рақами аввалро тарғиб мекунанд.

Пайдо шудани акс ва барномаҳои пешазинитхоботии номзадҳо дар назди қитъаҳои раъйдиҳӣ, ягона нишонаи интихоботи «демократӣ ва шаффоф», боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG