Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ожонсии ҳастаӣ ва Эрон музокироти ҳастаиро созанда хонданд


Ризо Наҷафӣ-намояндаи Эрон дар Ожонси ҳастаии вобаста ба СММ
Ризо Наҷафӣ-намояндаи Эрон дар Ожонси ҳастаии вобаста ба СММ
Ожонси байналмиллалии Энержии Ҳастаии вобаста ба СММ ва Эрон ба тавофуқ расидаанд, ки бори дигар 11 ноябр дар Теҳрон бо ҳам ба музокира биншинанд. Онҳо музокироти дурӯзаи худ дар Венаро самарбахш арзёбӣ намудаанд.

Ширкаткунандагон ин изҳоротро дар поёни музокироти дурӯза дар Вена пахш карданд. Ожонси мазкур мегӯяд, ки пешниҳодҳои нави Эрон метавонад заминаи рафъи бӯҳрони пешомада дар барномаҳои ҳастаии ин кишварро фароҳам орад.
XS
SM
MD
LG