Пайвандҳои дастрасӣ

Карзай бо Навоз Шариф ва Девид Камерон мулоқот мекунад


Ҳомид Карзай
Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон дар музокироти сеҷонибаи рӯзи сешанбе дар Британия ба Покистон фишор хоҳад овард. Дар остонаи ин мулоқот Аймал Файзӣ-сухангӯи Ҳомид Карзай гуфт, ки Кобул аз Исломобод хоҳад хост, то дар бораи “маҳали буду бош”-и Мулло Абдулғанӣ Бародар тавзеҳот диҳад.

Аймал гуфт, ки фармондеҳи калидии Толибон то ҳол зери “назорати шадид”-и мақомоти Покистон қарор додад. Карзай рӯзи сешанбе бо Навоз Шариф-нахуствазири Покистон ва бо Дэвид Камерон-нахуствазири Британия мулоқот мекунад.

Раҳоии Абдулғанӣ Бародар дар моҳи сентябр яке аз роҳҳои таҳкими раванди музокироти сулҳ бо Толибон арзёбӣ мешуд. Вале бино ба гузоришҳо то ҳол вай дар Покистон зери ҳабси хонагӣ қарор дорад.
XS
SM
MD
LG