Мақомоти интихоботии Гурҷистон мегӯянд, бар асоси натиҷаҳои муқаддамотӣ, Гиорги Маргвелашвили, номзади эътилофи ҳоким, дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ пирӯз мешавад. Аз ҳисоби 91 дар сади орои интихоботи рӯзи якшанбе Гиорги Маргелашвили номзади эътилофи Орзуи Гурҷӣ, тақрибан 62 дар сади раъйи мардумро соҳиб шудааст. Давид Бакрадзе, номзади Ҳизби Ваҳдати Миллии Гурҷистон, ҳизби Михайил Саакашвилӣ, раиси ҷумҳури феълӣ, 22 дар сади ороро ба даст овардааст. Даҳ дар сади мардуми Гурҷистон ба Нино Бурҷанадзе, раиси собиқи порлумон ва аз пешвоёни Инқилоби садбаргӣ раъй додаанд. Дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Гурҷистон, наздик ба 47 дар сади мардум ширкат кардаанд. Нахуствазир Бидзина Иванишвили, ки бо эътилофи Орзуи Гурҷӣ, дар интихоботи порлумонии соли гузашта, ҳизби Михайил Саакашвилиро мағлуб кард, қавл додааст, ки баъди интихоби раиси ҷумҳури нав аз мақомаш истеъфо хоҳад дод.