Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии пешсафони мусобиқоти лигаи аввал


Бозиҳои даври 18-уми мусобиқоти лигаи аввали футболи Тоҷикистон дар минтақаи Душанбе баргузор шуданд.

Бозиҳои даври охирин бо чунин натиҷаҳо ба анҷом расиданд:
“Ҳулбук” (Восеъ) - “Пахтакор” (Қубодиён) – 3-0 (техникӣ)
“Кӯктош+С” (Рӯдакӣ) - “Ҳосилот” (Фархор) – 4-2
“Нури Норак” (Норак) – “Саройкамар” (Панҷ) – 0-2

Дар ҳамин ҳол “Саройкамар” бо 33 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот қарор дорад. “Кӯктош+С” бо 30 имтиёз дар ҷойи дувум ва “Нури Норак” бо 21 имтиёз дар ҷойи севум мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки дастаи “Пахтакор” ба иллати мушкилоти молӣ аз идомаи ширкат дар мусобиқот даст кашид. Бинобар ин бар асоси дастури мусобиқот рақибонаш бо ҳисоби техникии 3-0 ғолиб дониста шуданд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Тӯбҳо И
1. «Саройкамар» 14 10 3 1 4111 33
2. «Кӯктош+С» 13 9 3 1 26 – 13 30
3. «Нури Норак» 13 6 3 4 17 – 17 21
4. “Ҳулбук” 12 5 1 6 18 – 23 16
5. РТСУ 11 4 2 5 15 – 17 14
6. «Ҳосилот» 13 4 1 8 17 – 20 13
7. «Бохтар» 14 3 4 7 19 – 23 13
8. «Пахтакор» 14 2 1 11 11 – 40 7

Нишонзанҳои беҳтарин: Ҷонибек Ғаффоров (“Саройкамар”) – 15 тӯб, Зоир Холматов (“Ҳулбук”) – 8 тӯб, Акмал Авазов (“Саройкамар”) ва Сайидамир Мирзоев (“Ҳосилот”) – 7-тӯбӣ.

Бозиҳои мавқуфгузошта


29-уми октябр, сешанбе, соати 15:00
“Нури Норак” – РТСУ
“Кӯктош+С” - “Ҳулбук”

2-юми ноябр, шанбе, соати 14:00
РТСУ – “Ҳосилот”

4-уми ноябр, душанбе, соати 14:00
“Ҳулбук” - РТСУ
XS
SM
MD
LG