Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар интихоботи Гурҷистон райдиҳӣ идома дорад


Дар Гурҷистон райдиҳӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ идома дорад. Дар ин кишвар ба ҷои Михаил Саакашвилӣ, ки як даҳсолаи гузашта раиси ҷумҳур буд, райдиҳандагон раиси ҷумҳури нав интихоб мекунанд. Назархоҳиҳо нишон медиҳанд, ки Георги Маргвелашвилӣ-номзади эътилофи ҳоким бо номи “Руъёи гурҷиҳо” дар сафи пеш қарор дорад.

Номзадҳои дигар, аз ҷумла Давит Бакрадзе, ки аз ҷониби Ҷунбиши муттаҳидаи миллӣ пешбарӣ шудааст ва номзади дигар Нино Бурҷанадзе-раиси пешини порламон ва шахсияти маъруфи Инқилоби Садбаргҳо ба дунболи ҳам меоянд.
Бар асоси қонун номзади баранда бояд дар даври аввал 50 дарсади райи интихобкунандагонро ба даст орад. Дар ин кишвар тақрибан 3,5 миллион нафар аҳолии қобили рай вуҷуд дорад.

Бидзина Иванишвилӣ-нахуствазири Гурҷистон, ки ҷунбиши зери раҳбаррии вай тақрибан як соли пеш дар интихобот ҳизби Саакашвилиро шикаст дод, ҳамчунон таъкид кардааст, ки баъд аз чанд ҳафтаи интихоби раиси ҷумҳури нав аз мақоми нахуствазирӣ истеъфо медиҳад.
XS
SM
MD
LG