Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаҳонгир Воҳидов – ғолиби Ҷоми шоҳмоти Осиёи Марказӣ


Ҷаҳонгир Воҳидов, ғолиби Ҷоми шоҳмоти Осиёи Марказӣ.
Ҷаҳонгир Воҳидов, ғолиби Ҷоми шоҳмоти Осиёи Марказӣ.

Ҷоми Осиёи Марказӣ барои ҷоизаҳои раиси Федератсияи байналмилалии шоҳмот (ФИДЕ) Кирсан Илюмжинов дар шаҳри Душанбе бо пирӯзии Ҷаҳонгир Воҳидов хотима ёфт.

Муовини раиси Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон Илҳом Юнусов, ки ҷонишини сардовари ин мусобиқот буд, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, “ин мусобиқоти байналмилалӣ бо ширкати 37 шатранҷбоз (25 мард ва 12 зан) аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон дар толори меҳмонхонаи «Истиқлол»-и Душанбе аз 12-ум то 20-уми октябр баргузор шуд. Дар ин мусобиқот, ки аз 9 давр иборат буд, 7 гроссмейстер ё бузургустод, 7 устоди байналмилалӣ ва 8 устоди ФИДЕ иштирок доштанд.”

Ба иттилои ҷаноби Юнусов, баъди натиҷагирии 9 даври мусобиқот устоди байналмилалӣ Ҷаҳонгир Воҳидов аз шаҳри Самарқанди Узбакистон бо 7 имтиёз мақоми аввалро касб кард. Ба ӯ 4000 доллари ИМА супурда шуд. Вай, инчунин, меъёри гроссмейстери байналмилалиро ба ҷо овард. Устоди байналмилалӣ Кирилл Кудеринов ва гроссмейстер Павел Котсур, ҳарду аз Қазоқистон, бо 6,5-имтиёзӣ ҷойҳои дувуму севумро азони худ карданд. Ҳар кадом бо 2500 доллар мукофотонида шуд.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:56 0:00
Линки мустақим


Панҷ нафар шатранҷбозон, ки 6-имтиёзӣ ба даст оварданд, ҷойҳои аз 4-ум то 8-умро соҳибӣ карданд. Гроссмейстер Фаррух Амонатов аз Тоҷикистон дар байни онҳо мавқеъ гирифт. Ба ҳар кадомашон 600-долларӣ супурда шуд. Инчунин чаҳор нафари дигар бо 5,5-имтиёзӣ ҷойҳои аз 9-ум то 12-умро ишғол намуданд. Аз он ҷумла се шатранҷбози тоҷик – Ҷамшед Исоев, Соҳиб Ҷураев ва Икром Илҳомзода бо 450-долларӣ сарфароз гаштанд.

Дар байни занон устоди ФИДЕ Екатерина Айнуддинова аз Қазоқистон бо 5 имтиёз ғолиб шуд ва соҳиби 1250 доллар гардид. Вай меъёри устоди дараҷаи байналмилалиро иҷро кард. Устоди ФИДЕ Сарвиноз Қурбонбоева аз Узбакистон низ 5 имтиёз гирифта, дувум шуд. Ба вай ҳам 1250 доллар тақдим шуд. Устоди ФИДЕ Ирина Геворкян ва гроссмейстер Нафиса Муъминова, ҳарду аз Узбакистон, бо 4,5-имтиёзӣ ҷойҳои севуму чорумро ишғол карданд ва бо 250-долларӣ сарфароз гаштанд.

Дар байни наврасон устоди ФИДЕ Темур Егонини 13-сола аз Узбакистон бо 4,5 имтиёз мақоми аввалро касб кард. Инчунин ду нафари дигар – Алишер Каримов ва Амин Қобилов, ҳарду аз Тоҷикистон, 4,5-имтиёзӣ ба даст оварданд. Ба ҳарсе 666-долларӣ супурда шуд.

Дар байни духтарон устоди ФИДЕ Гулрухбегим Тоҳирҷонова аз Узбакистон ва Марворид Насриддинзода аз Тоҷикистон натиҷаҳои беҳтарин нишон доданд ва ҳар кадом бо 400-далларӣ мукофотонида шуданд.

Дар байни собиқадорон устоди байналмилалӣ Владимир Егин аз Узбакистон бо 5 имтиёз дар ҷойи аввал қарор гирифт ва соҳиби 500 доллар шуд. Ба Неъмат Зиёев аз Тоҷикистон, ки 3,5 имтиёз ба даст овард, барои ҷойи дувум 200 доллар тақдим карда шуд.

Умуман, маблағи ҷавоизи мусобиқот, ки онро раиси ФИДЕ ихтисос додааст, 25 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медод. 90 дар сади он барои ҷоизаҳо ва 10 фисад барои ҳаққи доварон масраф шуд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Узбакистон, ки бо 44 имтиёз ғолиб шуд, бо Ҷоми Осиёи Марказӣ сарфароз гашт. Дастаи Тоҷикистон бо 24 имтиёз мақоми дувум ва мунтахаби Қазоқистон бо 20 имтиёз мақоми севумро касб карданд.

Дар маросими пӯшидашавии мусобиқот Алимаҳмад Мирзоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва Хусан Турдиалиев, сардовари ин мусобиқот аз Узбакистон, шатранҷбозонро бо анҷоми муваффақонаи бозиҳо муборакбод гуфта, изҳори боварӣ карданд, ки минбаъд дар Тоҷикистон мусобиқоти байналмилалӣ дар риштаи шоҳмот бештар баргузор хоҳад шуд.

Мусобиқоти байналмилалӣ оид ба шоҳмот дар шаҳри Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:21 0:00
XS
SM
MD
LG