Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷангалсӯзӣ дар Австралия шиддат гирифтааст


Дар Австралия ҷангалсӯзии вайронгар дар аёлати Ню Соуз Вейлз васеътар шудааст ва оташнишонҳо мегӯянд, хатари он ба манотиқи васеъ таҳдид мекунад. Ҳавои гарм ва боди тунд, ба шиддат гирифтани ҷангалсӯзӣ мусоидат кардааст ва мақомоти Австралияи мегӯянд, тайи 40 соли ахир бори аввал аст, ки ба чунин фалокати васеъмиқёс рӯ ба рӯ шудаанд. Сӯхтани ҷангалу буттазорҳо дар Австралия аввали ҳамин ҳафта оғоз шуд ва то кунун садҳо хонаро нобуд кардааст. Дар Австралия сӯхтани буттазорҳо умдатан дар моҳҳои тобистонии ин кишвар аз декабр то феврал идома мекунад, вале имсол ба далели ҳавои истисноии гарму хушк зудтар шурӯъ шудааст.
XS
SM
MD
LG