Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шавҳари Тимошенко пешниҳоди ҳукуматро нокофӣ хонд


Шавҳари Юлия Тимошенко, нахуствазири собиқи зиндонии Украина тарҳи санадеро интиқод кард, ки иҷоза медиҳад, ҳамсарашро барои муолиҷа барои муваққат ба хориҷ бубаранд. Олександр Тимошенко ба бахши украинии Радиои Озодӣ гуфт, ҳамсари ӯро ҳадди аққал бояд “муваққатан авф кунанд”, то ӯ тавонад мисли як зани озод барои табобати камараш ба хориҷ биравад:

“Юлия барои муолиҷа бояд ҳамчун инсони озод биравад, мисли як украинии маъмулӣ, ки аз ҳамаи ҳуқуқи шаҳрвандӣ бархурдор аст. “

Вай афзуд, ки сухани ниҳоӣ дар бораи сарнавишти Юлия Тимошенко аз Виктор Янукович, раиси ҷумҳури Украина аст, ки "аксарият дар порлумон тарафдори ӯ ҳастанд ва ҳар дастуре ки дод, иҷро мекунанд." Рӯзи ҷумъа ҳукумати Украина ба порлумон, қонунеро пешниҳод кард, ки иҷоза медиҳад, зиндониён барои табобат ба хориҷ аз кишвар ҳам бираванд. Юлия Тимошенкоро соли 2011 бо гуноҳи сӯистифода аз мақом ба 7 соли зиндон маҳкум карданд, вале парвандаи ӯро дорои ангезаҳои сиёсӣ медонанд. Иттиҳодияи Аврупо ба Украина гуфтааст, дар сурате паймони ҳамкорӣ бо ин кишварро имзо мекунад, қазияи Тимошенко ҳал шавад.
XS
SM
MD
LG