Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қочоқбарони Осиёи Марказӣ Афғонистонро ноамн мекунанд?


Кишти кӯкнор бештар дар ҷануби Афғонистон аст, аммо аз самти шимол қочоқи маводи мухаддир ҳам зиёд аст.
Кишти кӯкнор бештар дар ҷануби Афғонистон аст, аммо аз самти шимол қочоқи маводи мухаддир ҳам зиёд аст.

Як генерали афғон мегӯяд, гурӯҳҳои қочоқбари Осиёи Марказӣ дар ноором кардани манотиқи шимолии Афғонистон даст доранд.

Як фармондеҳи артиши Афғонистон мегӯяд, дар ноором кардани манотиқи шимолии кишвараш, аз ҷумла марзҳо бо Тоҷикистон, гурӯҳҳои қочоқбар аз Осиёи Марказӣ ҳам даст доранд. Залмай Висо, фармондеҳи воҳиди 209-уми артиши Афғонистон дар шимолу шарқи ин кишвар ба хабарнигори Радиои Озодӣ дар Балх гуфт, қочоқбарони маводи мухаддир аз Осиёи Марказӣ ҳамроҳ бо мофиёи дохилӣ саъй мекунанд, барои манфиати шахсӣ ва қочоқи маводи мухталиф баъзе аз минтақаҳои шимоли Афғонистонро ноором нигаҳ доранд.

Ба гуфтаи генерал Залмай Висо, онҳо аксаран ба нерӯҳои артиш муқовимат нишон медиҳанд:

“Дар вилоёти шимолӣ, ки бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамсарҳад ҳастанд ва дар манотиқе, ки имконоти қочоқ бештар аст, дар онҷо қочоқбарони хориҷӣ бо ҳамкории мофиёи дохилӣ, ки манфиати муштарак доранд, ба ин корҳо даст мезананд.”

Ба қавли генерали афғон, қочоқбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ на танҳо дар сарҳадоти шимолӣ, балки дар ноамниҳои вилоятҳои шимол ва шимолу шарқи Афғонистон, аз ҷумла Бадахшон ҳам даст доранд. Қочоқбарон ва мухолифони давлат аз манотиқи стротегии ин вилоят ба маҳаллаҳои шимоли Афғонистон ворид шуда, харобкорӣ ва ба нерӯҳои давлатӣ ҳамла мекунанд. Ба гуфтаи генерали афғон эҷоди ноамнӣ дар ин манотиқ ба манфиати шахсии қочоқбарони хориҷӣ ва мофиёи дохилии Афғонистон аст. Залмаи Висо дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт:

“Ин ки баъзе ан нуқоти Бадахшон стротегӣ аст, биноан душман кӯшиш мекунад, ки аз Покистон ва ё нуқоти мухталиф биёянд, чун ин минтақа бо се кишвар ҳамсарҳад аст ва ҳама масоил рӯи манофеъи шахсии қочоқбарон ва мухолифони мусаллаҳ мечархад. “

Бадахшони Афғонистон, ки тайи чанд моҳи гузашта шоҳиди нооромиҳои зиёд шуд, бо Тоҷикистону Чин ва Покистон марзи муштарак дорад. Ба гуфтаи Залмаи Висо, фармондеҳи воҳиди 209-уми артиши Афғонистон дар шимоли ин кишвар, нерӯҳои мухолифи давлат тавони ноором кардани вазъ дар ин минтақаро надоранд ва танҳо қочоқбаронанд, ки барои осон шудани қочоқ мехоҳанд, ин самти кишвар ноором бошад.

Аммо Залмаи Висо, аз ҳеҷ кишвари мушаххаси Осиёи Марказӣ ном набурд. Ҳамсояҳои шимолии Афғонистон, Тоҷикистону Узбакистон ва Туркманистонанд, ки ба гуфтаи Созмони Милал, аз роҳи шимолии қочоқи маводи мухаддири афғонӣ маҳсуб мешаванд. Тоҷикистон як роҳи аслии транзити маводи мухаддири афғонӣ ба Русия ва дигар кишварҳои Аврупо дониста мешавад ва соли 2012 дар кишвар аз ҷониби ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ тақрибан 6 тонна маводи мухаддир кашфу забт шудааст.

Соли гузашта дар як арзёбие, ки коршиносони Муассисаи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории Созмони Милал анҷом додаанд, гуфта шудааст, бештар аз нисфи маводи мухаддире, ки аз Афғонистон ба Русия ва кишварҳои Аврупо меравад, аз тариқи қаламрави Тоҷикистон мегузарад. Ба гуфтаи муаллифони ин гузориш, соли 2010 аз тариқи қаламрави Тоҷикистон аз 75 то 80 тонна ҳероин ва аз 18 то 20 тонна афюн қочоқ шудааст, агарчӣ мақомоти расмӣ мегӯянд, ин омор муболиға аст. Ба гуфтаи давлати Тоҷикистон, ин кишвар, 1300 километр марзи муштарак бо Афғонистон дорад, дар ҷабҳаи аввали мубориза бо қочоқ аст ва ҳар сол чанд сарбози кишвар ҳам дар ҷанг алайҳи қочоқбарон кушта мешаванд.
XS
SM
MD
LG