Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии муштзанҳои тоҷик дар даври дувуми мусобиқоти ҷаҳонӣ


Шаҳриёр Аҳмадов, муштзани тоҷик.
Шаҳриёр Аҳмадов, муштзани тоҷик.

Муштзанҳои тоҷик - Шаҳриёр Аҳмадов ва Шавкатҷон Раҳимов дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси ҷаҳон дар Алмаатои Қазоқистон ба даври севум роҳ ёфтанд.

Шаҳриёр Аҳмадов, ки дар даври аввал дар вазни то 52 кг бар рақибаш Александр Шепелюк аз Украина пирӯз шуда буд, дар даври дувум рӯзи 18-уми октябр бар ҷоизадори Олимпиадаи Пекин-2008 Винчентсо Пикарди аз Италия дастболо гардид. Муштзани тоҷик дар даври севум бо Янтони Маркано аз Пуэрто-Рико, қувваозмоӣ хоҳад кард.

Муштзани дигари тоҷик Шавкатҷон Раҳимов, ки дар даври аввал дар вазни то 64 кг бар рақибаш Адилсон Ҷустино (Ангола) ғолиб омада буд, дар даври дувум рӯзи ҷумъа бар рақиби пуртаҷрибааш Бранимир Станкович аз Сербистон пирӯз гашт. Шавкатҷон дар даври севум бо Ермек Сакенов аз Қирғизистон вориди рақобат мешавад.

Дар мусобиқоти ҷаҳонӣ 576 варзишгар аз 118 кишвар ширкат доранд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 7 муштзан дохиланд. Аз байни онҳо то ҳоло ду нафар - Шаҳриёр Аҳмадов ва Шавкатҷон Раҳимов ба даври севум роҳ ёфтаанд.

Вале дар рӯзи аввали мусобиқот муштзани маъруфи тоҷик Ҷаҳон Қурбонов дар вазни то 91 кг аз Леван Гуледани (Гурҷистон) аз рӯи имтиёз бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрда буд. Намояндаи дигари Тоҷикистон Ораз Афзалшоев рӯзи 17-уми октябр дар даври аввал дар вазни то 56 кг аз рақибаш Ҷовид Чалабиев (Озарбойҷон) мағлуб гашт.

Имрӯз, 19-уми октябр, ду варзишгари дигари тоҷик ба сабқат шурӯъ менамоянд. Наврӯз Ҷафоев, ки дар рақобатҳо дар вазни то 75 кг аз даври аввал озод буд, дар даври дувум бо Азизбек Абдуғафуров (Узбакистон) мубориза мебарад. Инчунин Меҳроҷиддин Каримов, «Гулливер»-и тоҷик, дар вазни беш аз 91 кг дар нахустин қувваозмоияш бо Кумар Сатиш (Ҳиндустон) рақобат мекунад.

Муштзани машҳури тоҷик Анвар Юнусов, ки аз даври аввал озод буд, дар даври дувум рӯзи 20-уми октябр дар вазни то 60 кг бо Дайсуке Нариматсу (Ҷопон) зӯрозмоӣ хоҳад кард.

Қувваозмоиҳои даври пешакӣ то 22-юми октябр идома меёбанд. 23-юми октябр даври чорякниҳоӣ, 25-уми октябр даври ниманиҳоӣ ва 26-уми октябр даври ниҳоӣ баргузор мешаванд.
XS
SM
MD
LG