Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Истиқлол»-и Душанбе ғолиби мусобиқоти қаҳрамонии футбол


Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ғолиби мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни наврасони солҳои таваллудашон 2000-2001 гардид.

Марҳилаи ниҳоии ин мусобиқот аз 14-ум то 18-уми октябр дар шаҳри Душанбе, дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор шуд.

Дар ин мусобиқот ҳашт дастаи ғолиби мусобиқоти минтақавӣ ширкат дошт. Дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шуда буданд. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе, «Бохтар»-и Бохтар, «Зутур»-и Бобоҷон Ғафуров ва «Норак»-и Норак ва ба гурӯҳи «Б» тимҳои «Солор»-и Душанбе, «Равшан»-и Кӯлоб, «Ли- Нинг»-и Хуҷанд ва РШВСМ Сафариёни Душанбе шомил буданд.

Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба нимфинал баромаднд. Натоиҷи бозиҳои ниманиҳоӣ чунинанд: «Истиқлол» - «Ли-Нинг» - 2:1, «Зутур» - «Равшан» - 1:0.

Барои ҷойи севум «Равшан» ва «Зутур» бо ҳам рақобат карданд. Замони асосӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 поён ёфт. Аз рӯи пеналтӣ «Равшан» бо ҳисоби 5:4 ғолиб омад ва бо ҷому медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуд.

Дар бозии ниҳоӣ, ки рӯзи 18-уми октябр баргузор шуд, дастаи «Истиқлол» бар тими «Зутур» бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард. Ҳарду голи «Истиқлол»-ро ҳамлагар Аслан Камолов ба ҳадаф расонд. Дастаи «Истиқлол» бо ҷому медалҳои тилло ва тими «Зутур» бо ҷому медалҳои нуқра сарфароз гардиданд.

Ҳамчунин бозигарони беҳтарини мусобиқот Наим Норбутаев («Зутур»), Сиёвуш Ҳабибуллоев («Истиқлол»), Абдусамад Самадов («Ли-Нинг») ва Эмомалӣ Раҳмонов («Равшан») бо ҷоизаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) сарфароз шуданд.
Ба иттилои Анвар Мирзоев, раиси кумитаи бачагону наврасони ФФТ, марҳилаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон байни наврасони солҳои таваллудашон 1998-1999 аз 21-ум то 25-уми октябр, инчунин, наврасони солҳои таваллудашон 1996-1997 аз 28-уми октябр то 1-уми ноябр дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG