Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зариф мегӯяд, гуфтушунид ба зудӣ идома хоҳад ёфт


Вазири умури хориҷии Эрон мегӯяд, гуфтушуниди Эрон ва қудратҳои ҷаҳонӣ сари барномаи ҳастаии Теҳрон дар чанд ҳафтаи оянда идома пайдо хоҳад кард. Навиштаи Муҳаммадҷавод Зариф дар сафҳааш дар Твиттер ҳамчун нишоани пешрафти ин музокирот шарҳ дода мешавад. Дар мулоқоти Женева ҳайати Эрон аломат додааст, ки бо бозрасии байналмиллалии бидуни эълони иншооти ҳастаии худ созиш хоҳад кард. Аммо ҳанӯз ҷузъиёти пешниҳодҳои Теҳрон маълум нашудааст. Иттиҳоди Аврупо рӯзи гузашта пешниҳодҳои Эронро "хеле муфид" номид.
XS
SM
MD
LG