Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтушуниди қудратҳои ҷаҳонӣ бо Эрон идома дорад


Гуфтушуниди Эрон ва қудратҳои ҷаҳонӣ сари барномаи ҳастаии Теҳрон дар Женева идома доранд. Ҳайати Эрон аломат медиҳад, ки бо бозрасии байналмиллалии бидуни эълони иншооти ҳастаии худ созиш хоҳад кард. Аммо ҳанӯз ҷузъиёти пешниҳодҳои Теҳрон маълум нашудааст. Иттиҳоди Аврупо рӯзи гузашта пешниҳодҳои Эронро "хеле муфид" номид. Ин аввалин гуфтушуниди панҷ узви доимии Шӯрои Амният – Иёлоти Муттаҳида, Русия, Чин, Бритониё, Фаронса ва ҳам Олмон бо Эрон сари барномаи ҳастаист, пас аз пирӯзии Ҳасани Рӯҳонӣ дар интихобогти президентии Эрон. Вай ваъда додааст, ки баҳси ҳастаии кишварашро дар шаш то 12 моҳи дигар ҳал хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG