Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайати КМИ-и Русия ба Тоҷикистон сафар хоҳад кард


Намояндагони Кумиссюни марказии интихоботии Русия ҷараёни интихоботи президентии Тоҷикистонро мушоҳида хоҳанд кард. Котиби ин кумиссюн Николай Конкин ба хабаргузории Интерфакс гуфтааст, дар моҳи ноябр Кумиссюни марказии интихоботии Русия ҳайтаеро таҳти сарварии узви ин кумиссюн Сергей Даниленко ба Тоҷикистон хоҳад фиристод, то ҷараёни интихоботро дар ин кишвар арзишёбӣ кунад. Ин дар ҳолест, ки интихоботҳои гузашати порлумонӣ ва президентӣ дар худи Русия ноодилона унвон гирифта, тазоҳуроти пасоинтихоботӣ бо эътироз аз хилофкориҳои густарда чандин моҳ дар шаҳрҳои бузурги Русия идома кард. Кумиссюни марказии интихоботии Русия гуфтааст, ҳамчунин барои наззораи интихобот ба Туркманистон низ ҳайат хоҳад фиристод.
XS
SM
MD
LG