Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

КМИР ба ҳизби сотсиал-демократ посух дод


Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон эълони бойкоти Ҳизби сотсиал демократи ҳангомасозӣ ва худсафедкунии заъфи ҳизб медонад. КМИР дар як изҳороти худ рӯзи 14-уми октябр дар посух ба тасмими ҲСДТ-ро дар мавриди бойкоти интихоботи президентии қарибулвуқуъ, як навъ худсафедкунии нотавонмандии ҳизб арзёбӣ кардааст. Фирӯз Фирӯзов, сухангӯи КМИР гуфт, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бо пахши як баёния масъалаи таҳрими интихобот аз сӯи ҲСДТ-ро баррасӣ кард. Дар ин баёния омадааст, ки «ҲСДТ эълони «бойкот»-ро дар шароите, ки тамоми ҳуқуқҳои интихоботии шаҳрвандон ва ҳизбҳои сиёсӣ кафолат дода шудааст, интишор додааст, ки ин амали ҲСДТ-ро ба ҷуз аз сафедкунии нотавонмандии хеш ва ҳангомасозӣ дигар навъ арзёбӣ номидан номумкин аст».

КМИР дар ин гузориши худ меафзояд, ки аз назари санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ низ эълони бойкот як амали манфӣ дониста мешавад. Барои ин, КМИР банди 8 моддаи 9 Конвенсияи Итиҳоди давлатҳои муштаркулманофеъ «Дар бораи стандартҳои интихоботи демократӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои интихоботӣ дар давлатҳои ИДМ»ро намуна меорад, ки дар он таъкид шудааст, ки «ашхос ва мақомоте, ки фаъолияти онҳо барои монеъшавии амалисозии озодонаи ҳуқуқҳои интихоботии шаҳрвандон равона шудааст, аз ҷумла дар шакли бойкот ё даъвати бойкоти интихобот сурат гирифтааст, бояд мавриди таъқиби қонун қарор гиранд».
XS
SM
MD
LG