Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тамдиди маъмурияти нерӯҳои НАТО дар Афғонистон


Шӯрои Амнияти Созмони Милал маъмурияти нерӯҳои ба раҳбарии НАТО дар Афғонистонро то охири соли 2014 тамдид кард. Мумкин аст, ин охирин салоҳдиди Шӯрои Амният дар бораи ҳузури Нерӯҳои Байналмилалии Кӯмаки Амниятӣ ба Афғонистон бошад, ки қарор аст, то охири соли 2014 масъулияти таъмини амниятро ба нерӯҳои дохилӣ супурда ва аз он кишвар хориҷ шаванд. Дар қатъномаи Шӯрои Амният аз рӯзи панҷшанбе омадааст, ки авзоъи ноамн дар «Афғонистон ҳамчунон таҳдиде сулҳу суботи байналмилалӣ» боқӣ мемонад. Дар қатънома ҳамчунин аз ҳукумати Афғонистон хоста шудааст, ки барои мубориза бо фасоду ришвахорӣ ва барои шаффофияту посухгӯӣ дар фаъолияти ҳукумат бештар саъй кунад. Айни замон НАТО дар Афғонистон 87 ҳазор сарбоз дорад ва тақрибан 60 ҳазор нафари онҳо амрикоӣ ҳастанд.
XS
SM
MD
LG