Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Падари Сноуден барои дидани писараш ба Маскав сафар кард


Падари паймонкори собиқи хадамоти махфии Амрико Эдвард Сноуден вориди Маскав шуд ва мегӯяд, умедвор аст, бо писари худ, ки барояш дар Русия паноҳгоҳи муваққатӣ дода шудааст, мулоқот хоҳад кард. Сноуден баъд аз ифшои ҷузъиёти барномаҳои иктишофии Амрико ҳадафи таъқиб қарор гирифта, муддате дар фурудгоҳи Маскав дармонд ва баъд аз дарёфти паноҳандагӣ дар маҳалли номаълум ба сар мебарад. Падари ӯ Лон Сноуден мегӯяд, дар ин ҳама муддат бо писари худ тамоси мустақим надоштааст.
XS
SM
MD
LG