Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон мегӯянд, Мулло Бародар озод нашудааст


Толибони Афғонистон мегӯянд, Покистон бар хилофи ваъдаи хеш Мулло Бародар яке аз фармондеҳони аслии онҳоро раҳо накардааст. Мулло Бародар, ки фармондеҳи дуввуми Толибон маҳсуб мешавад, ба назари аксарият дар Афғонистон метавонад, барои аз сар гирифтани музокироти сулҳ бо Толибон нақши муҳиме ифо кунад. Давлати Покистон миёнаҳои моҳи сентябр гуфт, Мулло Бародарро аз зиндон озод кардааст, вале то ҳол нагуфтааст, ки ӯ дар куҷост. Бино ба гузоришҳо, ин фармондеҳи Толибон ба шаҳри Пешовар воқеъ дар наздикии марзи Афғонистон омадааст. Аммо Забеҳулло Муҳоҷид, сухангӯи Толибон рӯзи чаҳоршанбе гуфт, ки Мулло Бародар “шабу рӯзҳояшро дар зиндон” сипарӣ мекунад ва вазъи сиҳатиаш “рӯз ба рӯз” бадтар мешавад. Ҳомиди Карзай раиси ҷумҳури Афғонистон ҳамин ҳафта гуфт, ки онҳо саъй доранд, шумораи телефон ва нишонии Мулло Бародарро пайдо карда ва бо ӯ сӯҳбат кунанд ва аз ҳукумати Покистон хост, дар ин замина кӯмак расонад.
XS
SM
MD
LG