Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикасти мунтахаби Тоҷикистон аз тими Эрон


Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-19).
Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-19).

Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-19) дар нахустин бозиаш дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё аз тими ҷавонони Эрон бо ҳисоби 0-2 шикаст хӯрд.

Ин бозии даври аввали мусобиқот миёни ҷавонони синнашон то 19-сола дар гурӯҳи «D» рӯзи 8-уми октябр дар варзишгоҳи «Шаҳид Боҳунар»-и шаҳри Кирмони Эрон баргузор шуд. Голҳоро мизбонон дар дақиқаҳои 43-юм ва 90+2 ба ҳадаф расонданд.

Дар бозии дигари ин гурӯҳ мунтахаби Арабистони Саудӣ бар дастаи Лубнон бо ҳисоби 2-1 пирӯз шуд.

Ба ин тартиб, дар гурӯҳи «D» дастаҳои Эрон ва Арабистони Саудӣ бо 3-имтиёзӣ пешсафанд. Тимҳои Лубнону Тоҷикистон имтиёз надоранд.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон 10-уми октябр бо дастаи Арабистони Саудӣ ва 12-уми октябр бо тими Лубнон бозӣ хоҳад кард.

Гурӯҳи «D». Даври 1-ум
Эрон - Тоҷикистон - 2:0

Голҳо: Бобак Абдуллозода, 40 (1:0). Фатҳиён Алӣ, 90+2 (2:0).

Тоҷикистон: Дилшод Додобоев, Зокир Иброҳимов, Парвиз Ҳамидов, Вайсиддин Сафаров (капитан), Алишери Ҳотам, Сиёвуш Мӯҳсинов (Меҳроҷиддин Музаффаров, 62), Ромиш Ҷалилов (Ойбек Абдуғаффоров, 70), Комрон Турсунов (Самандари Хайриддин, 76), Фирдавс Чақалов, Дилшод Саломов, Амирбек Ҷӯрабоев.

Арабистони Саудӣ - Лубнон - 2:1
Голҳо: Алӣ Шиҳаб, 45+1 (0:1). Ҳамад Муҳаммад Ал-Шеҳрӣ, 74 – аз пеналтӣ (1:1). Одил Муҳаммад Ал-Мушайт, 76 (2:1).

Бозиҳои мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонон (U-19)
Сабқати интихоб
ӣ. Гурӯҳи "D"

Даври 1-ум
8-уми октябр (сешанбе)
Эрон – Тоҷикистон – 2-0
Арабистони Саудӣ – Лубнон – 2-1

Даври 2-юм
10-уми октябр (панҷшанбе)
Тоҷикистон – Арабистони Саудӣ
Лубнон - Эрон

Даври 3-юм
12-уми октябр (шанбе)
Лубнон - Тоҷикистон
Эрон - Арабистони Саудӣ
XS
SM
MD
LG