Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи толори нави варзишӣ дар Ванҷ ва варзишгоҳ дар Дарвоз


Рӯзи 8-уми октябр дар ноҳияи Ванҷ бо иштироки раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як толори варзишии дорои 300 ҷойи нишаст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Дар толори нави клуби варзишии «Вастан», ки дар муддати 3 моҳ сохта шуда, барои намудҳои гуногуни варзиш бо тамоми шароити муосир бунёд ёфтааст, мусобиқаи вилоятӣ оид ба гуштии дзюдо байни наврасон барпо гардид.

Барои бунёди толори нави варзишии «Вастан» беш аз 2,5 миллион сомонӣ масраф шудааст ва ин маблағро соҳибкор Нуралӣ Шарифов, раиси Ҷамъияти саҳҳоми шакли пӯшидаи «Файз», пардохт кардааст.

Дарвоқеъ, соли 2010 дар рӯзи ҷашни Ваҳдати миллӣ бо маблағи соҳибкор Нуралӣ Шарифов, раиси Клуби варзишии “Вастан”, дар ноҳияи Дарвоз аввалин толори варзишӣ ба истифода дода шуда буд. Клуби варзишии «Вастан», инчунин, дар шаҳри Душанбе дорои толори варзишии замонавист.

Варзишгарони ин бошгоҳ бо раҳбарии мураббиёни варзидаи дзюдо Аҳтам Раҷабов, Рустам Назаров ва Ёдгоршоҳ Яқинов дар мусобиқоти байналмилалӣ шарафи варзиши тоҷикро бомуваффақият ҳимоя мекунанд. Се нафари онҳо - Ардашер Мирзоев, Баҳригул Бобиева ва Шукрона Қарчиева ахиран дар Бозиҳои авруосиёии наврасон дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон дар мусобиқоти гуштии дзюдо ва самбо панҷ медал (1тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Рӯзи сешанбе, инчунин, дар маркази ноҳияи Дарвоз Эмомалӣ Раҳмон варзишгоҳи “Авесто Арена”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод, ки дар майдони ним гектар доман паҳн намуда, дорои шароити хуби сатҳи байналмилалӣ барои футболи хурд ва дигар намудҳои варзиш мебошад.

Майдони асосии он барои футболи хурд пешбинӣ шуда, дорои 800 ҷойи нишаст мебошад. Бинои дуошёнаи варзишгоҳ дорои толорҳои муҷаҳҳаз барои бокс, намудҳои гуногуни гуштӣ, тенниси рӯи миз, меҳмонхона, 11 утоқи корӣ ва дигар ҳуҷраҳо мебошад. Дар оянда дар назди он, ҳамчунин, бунёди майдончаҳои тенниси калон ва волейболу баскетбол дар назар аст.

Бояд гуфт, ки пас аз мулоқоти раиси ҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарони ҷумҳурӣ, ки моҳи декабри соли 2010 баргузор гардида буд, дар Тоҷикистон то имрӯз 2,5 ҳазор иншооти бузургу хурди варзишӣ бунёд ёфтааст.
XS
SM
MD
LG