Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Душанбе-1" барандаи Ҷоми хотираи Султон Мирзоев шуд


Дастаи Душанбе-1 ғолиби мусобиқаи кушодаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми хотираи Султон Мирзоев, футболбози маъруф ва мураббии варзидаи тоҷик, гардид.

Ин даста дар бозии ниҳоӣ, ки рӯзи 7-уми октябр дар шаҳри Душанбе, дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор шуд, бар тими Қирғизистон (вилояти Ӯш) бо ҳисоби 4:1 ғалаба кард. Барои ҷойи севум дастаи Душанбе-2 бар тими Хатлон-2 (ноҳияи Восеъ) бо ҳисоби 3:0 ғолиб омад.

Ёдовар мешавем, дар ин мусобиқаи анъанавӣ, ки барои бори 15-ум баргузор шуд, футболбозони навраси солҳои таваллудашон 1997-1998 аз вилояти Хатлон, вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе ва шаҳру навоҳии тобеи марказ, инчунин, дастаи вилояти Ӯши Қирғизистон иштирок доштанд. Ба дастаи ғолиб – Душанбе-1 Ҷоми хотираи Султон Мирзоев ва медалҳои тилло супурда шуд. Дастаи Қирғизистон бо ҷому медалҳои нуқра ва тими Душанбе-2 бо ҷому медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.

Беҳтарин бозигарони мусобиқа Анӯшервон Мабатшоев (Душанбе-2), Бахтовар Шомадов (Хатлон-2), Исфандиёр Нурмамадов (Душанбе-1) ва Данислав Сагидуллин (Қирғизистон), ҳамчунин, беҳтарин доварони мусобиқа Холмурод Зардов, Парвиз Муртазоев, Олим Норбоев ва Эркин Мадибоев бо тӯҳфаҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, Федератсияи футболи кишвар ва Бунёди рушди варзиши ба номи Султон Мирзоев мукофотонида шуданд.

Алимаҳмад Мирзоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, “ҳадафи мусобиқаи кушодаи ҷумҳуриявӣ барои Ҷоми хотираи Султон Мирзоев рушди футбол миёни наврасон, дарёфти футболбозони моҳир ва ба ҳайати дастаи мунтахаби наврасони кишвар дохил кардани онҳо мебошад. Умедворем, ки дар оянда аз байни футболбозони наврас ба мисли шодравон Султон Мирзоев, собиқ бозигари дастаҳои машҳури “Помир”-и Душанбе ва “Пахтакор” (ҳоло “Вахш”)-и Қӯрғонтеппа, футболбозони моҳир ба камол мерасанд.”

Салоҳиддин Бухориев, мураббии дастаи ноҳияи Восеъ, ба радиои Озодӣ гуфт, “агар чунин мусобиқот дар кишварамон бештар гузаронида шавад, футболбозони навраси мо имкон пайдо мекунанд, ки бо ширкати худ маҳораташонро такмил бидиҳанд. Дарвоқеъ, дастаи ноҳияи мо, ки аз ҳисоби футболбозони навраси солҳои таваллудашон 2000-2003 ташкил ёфта буд, чанд рӯз пеш аз шаҳри Ӯши Қирғизистон баргашт. Дар ин ҷо мо дар мусобиқа ба муносибати ҷашни 22-солагии Истиқлолияти давлатии Қирғизистон ширкат карда, ғолиб шудем. Дар ин мусобиқа, ки ҳамагӣ шаш даста иштирок дошт, мо бар тимҳои “Оқ Жол”-и Андиҷон, “Навбаҳор”-и Намангон (ҳарду аз Узбакистон) ва “Динамо”-и Омски Русия бо ҳисоби якхелаи 3:0, бар дастаи “Тараз”-и Қазоқистон бо ҳисоби 4:1 ва РШВСМ-и Бишкек бо ҳисоби 3:2 ғалаба кардем.”
XS
SM
MD
LG