Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамсоя аз ҳамсоя панд мегирад. Қирғизҳо ҳам хостори қонуни танзим шудаанд


Вакилони парлумони Қирғизистон пешниҳод кардаанд, ки ҷашну маросимҳои мардумӣ ва дигар маъракаҳоро ба таври қонунӣ маҳдуд кунанд.

Таваллуди кӯдак, ҷашни арӯсиву домодӣ, ҷашни мавлуд ва ҳатто маросимҳои азодориро дар ин кишвар бо шукӯҳу шаҳомат мегузаронанд. Ба маъракаи тӯй даъват кардани то 500 меҳмон ба ҳукми анъана даромадааст ва маъмулан сатҳи тӯй бояд аз сатҳи зиндагии мизбон дарак диҳад. Ахиран дар ҷашни домодиву арӯсӣ киро кардани панҷ лимузин ба «рӯйхат»-и корҳои муҳими тӯй ворид шудааст. Дар ҷашнҳои мавлуд даъват кардани ситораҳои эстрада аз дигар корҳои муҳим аст, ки ба ҳукми анъана даромадааст.

Маросими дафн ва азодорӣ ҳам дар Қирғизистон аз марзҳои милливу динӣ гузашта ба маъракаи серхарҷу дабдабанок табдил шудааст. Дар ин кишвар дар маросими дафн пайвандони марҳум чанд асп забҳ карда меҳмононро зиёфат мекунанд. Дар ҳоле, ки дар ин кишвар арзиши миёнаи як асп ду ҳазор доллар аст, ки на ҳама тавони харҷи онро доранд. Аз ин рӯ барои «иҷро»-и ин маросими «замонавӣ» пайвандони майит қарз мегиранд, ки боз ҳам сатҳи зиндагии онҳоро поинтар мекунад.

Шаҳрвандони Қирғизистон ҳамасола ҳудуди 41 миллион доллар дар чунин маросимҳои дабдабанок харҷ мекардаанд. Аз ин рӯ мақомоти ин кишвар барои ҷилавгирӣ аз харҷи зиёдатӣ хостори қабули қонуни вижае шудаанд.

Канибек Эшматов, як мақомдори қирғиз ба радиои «Голос Росиия» гуфтааст, агар парлумони қирғиз қонунеро барои танзими ҷашну маросимҳо қабул кунад, ба нафъи ҳам домод ва ҳам наздикони онҳо аст. Чунки сарфу харҷ камтар мешавад ва метавонад ба дӯстони соҳибҷашну соҳибони майит сабукӣ орад.

Қаблан кабинаи вазирони Қирғизистон пешниҳод карда буд, ки мисли ҳамсоякишварашон - Тоҷикистон қонунеро барои танзими ҷашну маросимҳо қабул кунанд. Вале он ҳангом аксари вакилони парлумон зид баромада буданд. Ҳоло акнун пешниҳоди қабули қонуни танзимкунандаи маъракаҳо дар худи парлумон садо дод ва интизор меравад қабул шавад. Қирғизистон яке аз дигар кишварҳои Осиёи Миёна аст, ки нисфи аҳоли ин кишвар дар ҳоли фақр ба сар мебарад.

Бо ин ҳама пешниҳодҳо таҳлилагарони масоили иҷтимоии ин кишвар мегӯянд, эҳтимол доранд ин қонунро на ҳама қишри ҷомеъа қабул кунанд. Шахсоне будаанд, ки аз сарфу харҷи зиёдатӣ дар ин кишвар манфиатдоранд.

Тоҷикистон, ки мисли Қирғизистон нисфи шаҳрвандонаш бо сатҳи пасти зиндагӣ ба сар мебаранд шаш сол боз тибқи қонуни танзим маросимҳои худро мегузаронанд. Ҳукумати Тоҷикистон қонуни танзими расму оинро дар соли 2007 қабул карда буд. Мақомот ҳадаф аз онро коҳиш додани хароҷоти тӯю азои мардум гуфта буданд. Ин қонун шумори меҳмонони тӯю азоро аз 140 бо 200 нафар ва тӯли баргузории чунин маросимро 3 соат ва барои нақзи ин шароит то 800 доллар ҷарима муқаррар кардааст. Тибқи ин қонун, ҳар нафаре ки маросими тӯй ё азо оростан мехоҳад, бояд аз пеш аз мақомот расман иҷозат гирифта, таъомнома ва ҳатто миқдори гӯшту биринҷеро, ки мехоҳад истифода барад, бояд дар мақомот «ҳал» кунад.

Мунтақидон ин қонунро дахолат дар ҳарими ҳаёти хусусии мардум ва нақзи озодиҳои шаҳрвандӣ унвон мекунанд. Аммо ҳукумати Тоҷикистон, ки ахиран натоиҷи 6 соли иҷрои қонуни танзимро баррасӣ кард, мегӯяд, дар ин 6 сол ҳаҷми пасандозҳои пулии аҳолӣ дар бонкҳо 20 баробар афзудааст, ки ин ҳам аз “мева”-ҳои қонуни танзим аст. Аммо иқтисоддонҳо мегӯянд, ин омор асоси воқеӣ надорад ва сарчашмаи афзоиши пасандози аҳолӣ низ дигар аст. Ҳамчунин ба назари таҳлдилгарон, баланд шудани нархи маҳсулот баъд аз қабули ин қонун аз дигар паёмадҳои ин қонун будааст, ки бо вуҷуди танзими маъракаҳо мардум натавонистааст камтар маблағ сарф кунад.

Бо вуҷуди қонуни танзим, сабти навори туйу маъракаҳои мансабдорони тоҷик, ки берун аз қонуни танзим барпо шудааст, гоҳ-гоҳе аз доираи наздикон ва меҳмонон маърака «берун» баромада, дастраси мардум шуда аз чашми мардум пинҳон намемонад.
XS
SM
MD
LG