Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибилмони тоҷик: «Аҳмади Дониш як марди пурхӯр буд…»


Як пурсиши сарироҳии «Озодӣ» маълум кард, ки аксари хонандагон, донишҷӯён ва ҷавонони тоҷик аз барномаҳои таълимии мактаби миёна дониши хеле андакеро аз бар мекардаанд.

Дониши хонандагони мактабҳои Тоҷикистон ва сатҳи донишиу ҷаҳонбинии ҷавононро калонсолон солҳои ахир зери тозиёнаи танқид қарор медиҳанд. Ҷомеашиносон мегӯянд сатҳи дониши ҷавонони имрӯза нисбати солҳои Шӯравӣ хеле паст аст ва талаботи замона нест.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе бо саволҳои "гумроҳкунанда" ба ҷавонон, хусусан толибилмони макотиби миёна пурсиши сарироҳие гузаронданд, ки ҷавобҳои онҳо бозгуи сатҳи дониши онҳост.

Панҷуми октябр чун рӯзи омӯзгорон таҷлил мешавад. Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар кӯчаҳои Душанбе аз хонандагони макотиби миёна ва донишҷӯён дар мавриди адибони клоссик ва муосири тоҷик назири Аҳмади Дониш ва Ҷалол Икромӣ, инчунин олимони барҷастаи ҷаҳоние мисли Исаак Нютон суолҳои танзомезе карданд.

Донишҷӯён ва хонандагони синфҳои болоии макотиби Душанбе, ки дар рӯ ба рӯи дурбини «Озодӣ» қарор гирифтанд, мегӯянд «Аҳмади Дониш - пулу молро ниҳоят дӯст медошт ва касбаш сӯдхӯрӣ буд». Аммо бархеи дигар мегуфтанд, «танҳо Ҷалол Икромӣ метавонад дар интихоботи раиси Иттифоқи нависандагон имрӯз ғолиб ояд» ва ё баъзеҳо мутмаин буданд, ки «Исаак Нютон олими Юнони қадим аст?»

Суолҳои хабарнигорон ва посухҳои ҷавононро дар видеои зерин бубинед ва худ қазоват кунед:

XS
SM
MD
LG