Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

5 октябр - бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон дар Қӯрғонтеппа


Рӯзи шанбе, 5-уми октябр, дар шаҳри Қӯрғонтеппа бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2013 оид ба футбол миёни дастаҳои «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва «Истиқлол»-и Душанбе баргузор мешавад.

Ин бозӣ дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и маркази вилояти Хатлон соати 15:00 оғоз меёбад. Довари FIFA Равшан Ишматов, аз шаҳри Қӯрғонтеппа, сардовари бозии ниҳоӣ, Қурбонмаҳмад Каримов (ноҳияи Хуросон) ва Некрӯз Умаров (Қӯрғонтеппа) – ёварони сардовар, Умед Раҳимов (Қӯрғонтеппа) довари эҳтиётӣ, Акбар Иброҳимов (шаҳри Хуҷанд) нозири доварон ва Комрон Шодиев (Душанбе) комиссари бозӣ таъин шудаанд.

Дарвоқеъ, дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” барои бори севум аст, ки паиҳам дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон бо ҳам рақобат мекунанд. Дар ду бозии пешин футболбозони шаҳри Турсунзода ғолиб омада буданд. Соли 2011-ум “Регар-ТадАЗ”дар бозии ниҳоӣ дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа бар “Истиқлол” бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда буд. Голро Ҷамшед Исмоилов дар дақиқаи 61-ум ба ҳадаф расонд.

Соли гузашта бошад, бозии ниҳоӣ миёни “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” дар шаҳри Хуҷанд, дар Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”, баргузор шуд. Замон асосӣ ва изофии ин дидор бо натиҷаи мусовии 1:1 поён ёфт. Ҳисобро дар дақиқаи 80-ум Аҳтам Ҳамроқулов, ҳамлагари "Регар-ТадАЗ", боз кард. Дилшод Восиев, капитани дастаи "Истиқлол", дар дақиқаи 90-ум аз ҷаримаи ёздаҳметра ҳисобро баробар намуд.

Бар асоси низомномаи мусобиқот барои муайян кардани дастаи ғолиб 30 дақиқа замони изофӣ дода шуд, вале он бидуни гол поён ёфт. Дар задани силсилаи зарбаҳои ёздаҳметра бошад, кори футболбозони "Регар- ТадАЗ" омад кард ва онҳо бо ҳисоби 6:5 ғолиб шуданд.
Ҳамин тариқ, "Регар-ТадАЗ" бо ҳисоби умумии 7:6 ғолиб омад ва барои бори шашум Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб гашт ва,инчунин, ба ҳаққи ширкат дар Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) мушарраф шуд. Зимнан, барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2013 ҳуқуқ пайдо мекунад, ки соли оянда дар Ҷоми AFC иштирок намояд.

Натоиҷи бозиҳои «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» дар Ҷоми Тоҷикистон
Соли 2009
Нимфинал. Бозии аввал
"Истиқлол" - "Регар-ТадАЗ" - 3:2
Нимфинал. Бозии ҷавобӣ
"Регар-ТадАЗ" - "Истиқлол" - 1:3
Соли 2010
Нимфинал. Бозии аввал
«Истиқлол» - «Регар-ТадАЗ» - 3:0
Нимфинал. Бозии ҷавобӣ
«Регар - ТадАЗ» - «Истиқлол» - 4:1
Соли 2011
Финал. «Истиқлол» - «Регар-ТадАЗ» - 0:1
Соли 2012
Финал. «Истиқлол» - «Регар-ТадАЗ» - 1:1. Аз рӯи пеналтӣ - 5:6
Бояд тазаккур дод, ки мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон сар аз соли 1992 барои бори 22-юм барпо шудааст. Ҳамагӣ 10 даста барандагони Ҷом гардидаанд. Аз ҳама бештар – 6 бор дастаи “Регар-ТадАЗ” Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардааст.
Инчунин се бор дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд барандаи Ҷом шудааст. Дастаҳои “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Варзоб”-и Душанбе, “Парвоз” (собиқ “Авиатор”)-и Бобоҷон Ғафуров ва “Истиқлол”-и Душанбе дуборӣ соҳибони Ҷоми Тоҷикистон гаштаанд. Дастаҳои “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ Ҷомро азони худ кардаанд.

Натоиҷи ҳамаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон:

1992 – «Помир» (Душанбе) - «Регар» (Турсунзода) – 1:0
1993 – «Ситора» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) - 0:0. Аз рӯи пеналтӣ - 5:3
1994 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Шодмон» (Ҳисор) – 2:1
1995 – «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Регар- ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ - 3:2
1996/1997 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 4:0
1997/1998 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ранҷбар» (Восеъ) – 2:1
1998 – «Варзоб» (Душанбе) – «Хуҷа Каримов» (Ғозималик) – 3:1
1999 – «Варзоб» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ - 4:2
2000/2001 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Варзоб» (Душанбе) – 4:2
2001/2002 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) - 3:1.
2002 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 3:0
2003 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) – 3:1
2004 – «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) – «Уротеппа» (Истаравшан) – 5:0
2005 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ - 3:1
2006 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хима» (Душанбе) – 2:1
2007 – «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) – «Хима (Душанбе) – 1:0.
2008 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Энергетик» (Душанбе) – 2:1
2009 – «Истиқлол» (Душанбе) - ССКА «Помир» (Душанбе) - 3:1
2010 - «Истиқлол» (Душанбе) - «Хуҷанд» (Хуҷанд) - 5:0
2011 - “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) - “Истиқлол” (Душанбе) - 1:0
2012- “Регар-ТадАЗ(Турсунзода) - “Истиқлол” (Душанбе) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ - 6:5
XS
SM
MD
LG