Абдулрасул Сайёф, як рӯҳонии маъруфи афғон ва пайрави ҷараёни ифротии салафия аз мақоми вакилӣ даст кашид, то дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон ширкат кунад. Абдулрасул Сайёф, раҳбари созмони Даъвати Исломии Афғонистон рӯзи чаҳоршанбе гуфт, ки Исмоил Хон, вазири энержӣ ва ҷангсолори собиқи дигар аз шаҳри Ҳиротро ба ҳайси муовини раиси ҷумҳур баргузидааст. Абдулрасул Сайёф, дар солҳои 80-ум яке аз фармондеҳони ҷаррори нерӯҳои мухолифи шӯравӣ буд ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ӯро ба нақзи фоҳиши ҳуқуқи инсон дар замони ҷангҳои дохилии соли 1990 дар Афғонистон муттаҳам мекунанд. Баъди гаравидан ба ҷараёни салафия, Абдулрасул Сайёф ба як ҳампаймони наздики Арабистони Саудӣ табдил шуд.