Бозиҳои ҷавобии ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон шоми сешанбеи 1-уми октябр ба анҷом расиданд. Бозӣ миёни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе - “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров, ки дар пойтахти кишвар, дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, барпо гардид, бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 3-0 поён ёфт.
Голҳоро Фатҳулло Фатҳуллоев дар дақиқаи панҷум, Дилшод Восиев, дар дақиқаи 13-ум ва Александр Кудряшов дар дақиқаи 65-ум ба ҳадаф расонданд.
Бозии аввал низ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ғалабаи “Истиқлол” бо ҳисоби 2:0 анҷомида буд.
Дар бозии дигари ниманиҳоӣ дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа дар майдони худ – варзишгоҳи “Пахтакор” бо тими “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода рақобат кард. Ин бозӣ бо ҳисоби 2-0 ба нафъи меҳмонон ба охир расид. Ҳарду голро Аҳтам Ҳамроқулов дар дақиқаҳои 9-ум ва 52-юм зад. Дар бозии аввал дар шаҳри Турсунзода “Вахш” бо ҳисоби 3:2 ғолиб омада буд. Аз рӯи натоиҷи ду бозӣ "Регар-ТадАз" бо ҳисоби 4-3 ғалаба кард ва ба финал баромад.
Бояд гуфт, ки дар ҳарду бозии ҷавобии ниманиҳоӣ - Дилшод Восиев, (“Истиқлол”) дар дақиқаи 50-ум ва Камолҷон Ортиқов (“Вахш”) замоне ки ҳисоб 0:1 буд, аз пеналтӣ ё ҷаримаи 11-метра тӯбро ба нишон расонда натавонистанд.
Ба ин тартиб, дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАз” дар бозии ниҳоӣ, ки рӯзи 5-уми октябр барпо мегардад, барои Ҷоми Тоҷикистон рақобат хоҳанд кард. Макони баргузории ин бозиро Федератсияи Футболи Тоҷикистон муайян мекунад.
Бояд тазаккур дод, ки мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон сар аз соли 1992 барои бори 22-юм барпо шудааст. Ҳамагӣ 10 даста барандагони Ҷом гардидаанд. Аз ҳама бештар – 6 бор дастаи “Регар-ТадАЗ” Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардааст.
Инчунин се бор дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд барандаи Ҷом шудааст. Дастаҳои “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Варзоб”-и Душанбе, “Парвоз” (собиқ “Авиатор”)-и Бобоҷон Ғафуров ва “Истиқлол”-и Душанбе дуборӣ соҳибони Ҷоми Тоҷикистон гаштаанд. Дастаҳои “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ Ҷомро азони худ кардаанд.
Натоиҷи ҳамаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон:
1992 – «Помир» (Душанбе) - «Регар» (Турсунзода) – 1:0
1993 – «Ситора» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) - 0:0. Аз рӯи пеналтӣ - 5:3
1994 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Шодмон» (Ҳисор) – 2:1
1995 – «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Регар- ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ - 3:2
1996/1997 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 4:0
1997/1998 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ранҷбар» (Восеъ) – 2:1
1998 – «Варзоб» (Душанбе) – «Хуҷа Каримов» (Ғозималик) – 3:1
1999 – «Варзоб» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ - 4:2
2000/2001 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Варзоб» (Душанбе) – 4:2
2001/2002 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) - 3:1.
2002 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 3:0
2003 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) – 3:1
2004 – «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) – «Уротеппа» (Истаравшан) – 5:0
2005 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ - 3:1
2006 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хима» (Душанбе) – 2:1
2007 – «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) – «Хима (Душанбе) – 1:0.
2008 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Энергетик» (Душанбе) – 2:1
2009 – «Истиқлол» (Душанбе) - ССКА «Помир» (Душанбе) - 3:1
2010 - «Истиқлол» (Душанбе) - «Хуҷанд» (Хуҷанд) - 5:0
2011 - “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) - “Истиқлол” (Душанбе) - 1:0
2012- “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) - “Истиқлол” (Душанбе) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ - 6:5