Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷашнвораи футболи хурд «Ба сӯи орзу» барои бачаҳои ятим


Рӯзи 29-уми сентябр дар шаҳри Душанбе, дар майдонҳои нави сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, фестивал ё ҷашнвораи футболи хурд баргузор шуд.

Дар ин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, ки бо ибтикори Федератсияи футболи Тоҷикистон ва клуби футболи «Истиқлол»-и Душанбе таҳти унвони «Ба сӯи орзу» баргузор шуд, дастаҳои мактаб-интернатҳои ҷумҳурӣ ширкат карданд.

Мусобиқа бо иштироки футболбозони навраси солҳои таваллудашон 2000-2006 аз Душанбе, Кӯлоб, Шаҳринав, Румӣ ва Темурмалик дар ду гурӯҳ (гурӯҳҳо номҳои рамзӣ доштанд) сурат гирифт. Ба гурӯҳи «Палангҳо» дастаҳои Душанбе-1, Румӣ-2, Шаҳринав ва Кӯлоб-1 ва ба гурӯҳи «Хирсҳо» дастаҳои Душанбе-2, Румӣ-1, Кӯлоб-2 ва Темурмалик дохил буданд.

Ғолибони гурӯҳҳо – дастаҳои Шаҳринав ва Душанбе-2 ба финал баромаданд. Бозии ниҳоӣ бо пирӯзии дастаи Шаҳринав бо ҳисоби 3:0 хотима ёфт. Дастаи Душанбе-1 барои ҷойи севум бар тими Кӯлоб-2 бо ҳисоби 8:0 ғалаба кард.

Дар маросими мукофотсупорӣ аъзои бошгоҳи футболи лигаи олӣ - «Истиқлол»-и Душанбе бо сарварии капитани даста Дилшод Восиев ба дастаи ғолиб – Шаҳринав (мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим, мураббиаш Ҳамза Пиров) ҷоми ғолиб, ифтихорнома ва медалҳои тилло тақдим карданд.

Дастаи Душанбе-2 (мактаб-интернати рақами 4, мураббиаш Ашӯр Бойматов) барои ҷойи дувум бо ҷом, ифтихорнома ва медалҳои нуқра сарфароз гашт.

Дастаи Душанбе-1 (мактаб-интернети рақами 1, мураббиаш Давлатмурод Шарифов) барои ҷойи севум бо ҷом, ифтихорнома ва медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуд. Инчунин ба ҳамаи 8 дастаи ширкаткунандаи мусобиқа либоси варзишӣ ва тӯбҳои футбол тақдим гардид.

Маликшоҳ Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва ҳамзамон ноиби аввали раиси Кумитаи миллии олимпии кишвар, ба мураббиёни дастаҳои ширкаткунандаи мусобиқа мукофоти пулӣ супурд ва ба футболбозони наврас барои фатҳи қуллаҳои баланди варзиш муваффақият орзу кард.

Анвар Мирзоев, раиси кумитаи кӯдакону наврасони Федератсияи футболи Торҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, «ҳадаф аз бургузории ин мусобиқа, қабл аз ҳама таваҷҷӯҳ ва ғамхорӣ нисбати бачаҳои ятим ва рушди минбаъдаи футбол миёни кӯдакону наврасон буд. Мо тасмим гирифтем, ки ин гуна чорабиниҳоро бештар баргузор кунем.»

Баъди анҷоми ин мусобиқа ба футболбозни наврас – бачаҳои ятим зиёфат дода шуд ва ҳунарманди маъруфи тоҷик Садриддини Наҷмиддин ва овозхон Далери Хайриддин хотири онҳоро бо сурудҳои дилчаспи худ шод гардонданд.
XS
SM
MD
LG