Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи Рӯҳонӣ дар Теҳрон бо хушҳолӣ ва хашм


Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эронро, баъди сӯҳбати таърихиаш бо Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико дар ватанаш ҳам бо хушӣ ва ҳам бо хашм истиқбол карданд. Ба гуфтаи матбуоти Эрон, садҳо нафар барои истиқболи Рӯҳонӣ дар фурудгоҳи шаҳри Теҳрон ҷамъ шуданд ва гурӯҳи сад нафарии мухолифони тундрави ӯ ҳам дар инҷо ҷамъ омада ва бо шиорҳои “Марг ба Амрико” ба самти мошинҳои ӯ санг ва тухм партоб кардаанд. Ба навиштаи хабаргузории нимарасмии Меҳр, яке тазоҳургарон ба сӯи мошини раиси ҷумҳури Эрон кафш партоб кардааст, ки дар ҷомеаҳои мусулмонӣ тавҳини бисёр бад маҳсуб мешавад. Ҳасан Рӯҳонӣ рӯзи ҷумъа баъди ширкат дар нишасти Маҷмаи Умумии Созмони Милал ва қабл аз бозгашт ба Эрон бо Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико 15 дақиқа телефонӣ гуфтугӯ кардааст. Ба гуфтаи мақомоти Амрико, дар ин гуфтугӯ, ки бо хости эрониён сурат гирифт, масъалаи барномаҳои баҳсбарангези атомии Эрон баррасӣ шудааст. Аммо Ҳасан Рӯҳонӣ баъди бозгашташ дар Теҳрон гуфт, ки сӯҳбати телефонӣ бо талаби амрикоиҳо сурат гирифт.
XS
SM
MD
LG