Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия – ғолиби Бозиҳои варзишии авруосиёии наврасон


Бозиҳои III варзишии авруосиёии наврасон дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон бо пирӯзии варзишгарони Русия ба анҷом расиданд.

Дар ин бозиҳо, ки бо тасмими кумитаи ҳамгироии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё баргузор шуданд, варзишгарони навраси солҳои таваллудашон 1996 – 2000-ум аз Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон ширкат доштанд.

Ба барномаи Бозиҳо 13 навъи варзиш дохил буд. Варзишгарони наврас аз 15-ум то 20-уми сентябр барои 232 маҷмӯи медалҳо мубориза бурданд.

Мунтахаби Русия бо 250 медал, аз он ҷумла 142 нишони тилло дар ҳисоби умумидастаӣ ҳам аз рӯи шумораи медалҳои тилло ва ҳам аз рӯи шумораи умумии медалҳо ҷойи аввалро касб кард. Қазоқистон бо 219 медал, аз он ҷумла 81 нишони тилло дар ҷойи дувум, Беларус бо 53 медал, минҷумла 7 нишони тилло дар ҷойи севум, Қирғизистон бо 86 медал, аз он ҷумла 3 нишони тилло дар ҷойи чорум қарор гирифтанд.

Мунтахаби Тоҷикистон бо 73 медал, аз он ҷумла 3 нишони тилло дар зинаи охирин – панҷум ҷойгир шуд. Аз рӯи шумораи умумии медалҳо бошад, Тоҷикистон аз Беларус пеш гузашт.

Паҳлавонони навраси тоҷик - Темур Раҳимов дар вазни то 90 кг ва Ардашер Мирзоев дар вазни +90 кг дар сабқати дзюдо ва Эмомҷон Камолов дар гуштии кураши қазоқӣ дар вазни то 81 кг бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд.
Мавқеи кишварҳо дар Бозиҳои III варзишии авруосиёии наврасон
дар ҳисоби умумидастаӣ:

Ҷой аз рӯи медалҳои тилло Кишварҳо Медалҳо Ҷой аз рӯи
шумораи
медалҳо
Тилло Нуқра Биринҷӣ Ҳамагӣ
1 Русия 142 76 32 250 1
2 Қазоқистон 81 93 45 219 2
3 Беларус 7 19 27 53 5
4 Қирғизистон 3 19 64 86 3
5 Тоҷикистон 3 17 53 73 4
Ҳамагӣ: 236 224 221 681
XS
SM
MD
LG