Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хушҳолии Меркел аз пирӯзиаш дар интихоботи Олмон


Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, мегӯяд, натиҷаҳои интихоботи порлумонии Олмон намоёнгари тарафдории қавӣ аз ваҳдат дар Иттиҳодияи Аврупост. Эътилофи аҳзоби сиёсӣ ба раҳбарии Ангела Меркел, дар интихоботи порлумонии рӯзи якшанбе 41, 5 дар сади раъйи мардумро ба даст овард ва пирӯз шуд. Ангела Меркел афзуд, сиёсати Олмон нисбат ба Иттиҳодияи Аврупо ҳеҷ эҳтиёҷе ба бознигарӣ надорад. Олмон муҳаррики иқтисоди Аврупо ба ҳисоб меравад ва аз тарафдорони аслии пули муштараки евро дар минтақа аст. Шартҳои сахтгиронаи Олмон барои кӯмаки молии Иттиҳодияи Аврупо ба Юнони мӯҳтоҷ, ки маҷбур ба сарфаҷӯии зиёд шуд, баҳси зиёдеро барангехта буд. Ҳизби Масеҳиёни Демократи Ангела Меркел барои таъсиси ҳукумати эътилофӣ гуфтугӯҳо бо Ҳизби Сотсиал Демократи Олмонро шурӯъ кардааст. Яке аз шарикони қаблии Меркел, Ҳизби Демократҳои Озод камтар аз 5 дар сади раъйи мардумро ба даст овард ва ба порлумон роҳ наёфт.
XS
SM
MD
LG