Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи бозиҳои даври 14-уми лигаи олии футболи Тоҷикистон


Рӯзҳои 21-22-уми сентябр бозиҳои даври 14-уми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд.

Ду бозӣ бо пирӯзии меҳмонон хотима ёфт. Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа бар тими мизбон - “Вахш”бо ҳисоби 1:0 ғолиб шуд. Тӯбро Ҳасан Рустамов дар нимаи аввали бозӣ, дар дақиқаи 22-юм, ба дарвозаи «Вахш» ворид кард.

Дар бозии дигар низ дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд тими мизбон - “Хуҷанд”-ро бо ҳисоби бузурги 4:1 шикаст дод. Ду голи «Истиқлол»-ро Александр Кудряшов ба ҳадаф расонд. Дилшод Восиев ва Сиёвуш Асроров якголӣ заданд. Як голи мизбононро Валерий Андроник вориди дарвозаи меҳмонон кард.

Ду бозии дигари даври 14-ум, ки рӯзи якшанбе, 22-юми сентябр, барпо гардид, мусовӣ шуд. Дастаи “Хайр”-и Ваҳдат бозиро дар майдони худ бо ССКА “Помир”-и Душанбе бо ҳисоби 1:1 ба охир расонд. Бозигари ССКА «Помир» Эбинеза Асоне дар дақиқаи 63-юм ҳисобро боз кард. Баҳодур Шарифов дар дақиқаи 86-ум аз пеналтӣ ё ҷаримаи 11-метра, ки онро сардовар Хуршед Дадобоев аз шаҳри Хуҷанд ба дарвозаи меҳмонон таъин кард, ҳисобро баробар намуд.

Бозӣ миёни дастаи мизбон - “Энергетик”-и Душанбе ва “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров низ бо ҳисоби 1:1 поён ёфт. Феликс Бафое, бозигари «Энергетик», дар дақиқаи 20-ум ҳисобро кушод. Голи ҷавобиро Саид Эргашев дар замони изофӣ (90+5) ба ҳадаф расонд. Бояд гуфт, ки сардовари ин бозӣ Насрулло Кабиров аз шаҳри Норак ду бозигари «Энергетик» - Павел Калугинро дар нимаи аввал ва Габриэл Донтоҳро дар нимаи дувум барои кортҳои дувуми зард аз майдон хориҷ кард.

Даври 14-ум
21-уми сентябр, шанбе.

«ВАХШ» - «РАВШАН» - 0:1. Варзишгоҳи «Пахтакор»-и Қӯрғонтеппа.
Гол: Ҳасан Рустамов, 22.

«ХУҶАНД» - «ИСТИҚЛОЛ» - 1:4. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и Хуҷанд.
Голҳо: Дилшод Восиев, 27 (0:1), Александр Кудряшов, 38 (0:2), Валерий Андроник, 47 (1:2), Александр Кудряшов, 73 (1:3), Сиёвуш Асроров, 81 (1:4).

22-юми сентябр, якшанбе.

«ХАЙР» - ССКА «Помир» - 1:1. Варзишгоҳи «Хайр»-и Ваҳдат.
Голҳо: Эбинеза Асоне, 63 (0:1), Баҳодур Шарифов, 86 – аз пеналтӣ (1:1).


«ЭНЕРГЕТИК» - «ПАРВОЗ» - 1:1. Варзишгоҳи «Авиатор»-и Душанбе.
Голҳо: Феликс Бафое, 20 (1:0), Саид Эргашев, 90+5 (1:1).
Ду бозигари «Энергетик» - Павел Калугин, 39 ва Габриэл Донтоҳ, 69 аз майдон хориҷ шуданд.

Дар ҷадвали мусобиқот «Равшан» бо 33 имтиёз дар ҷойи аввал, «Истиқлол» бо 30 имтиёз дар ҷойи дувум ва «Хайр» бо 22 имтиёз дар ҷойи севум қарор доранд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. «Равшан» (Кӯлоб) 11 11 0 0 17-2 33
2. «Истиқлол» (Душанбе) 12 10 0 2 35-6 30
3. «Хайр» (Ваҳдат) 12 6 4 2 20-12 22
4. «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 11 6 2 3 14-11 20
5. «Энергетик» (Душанбе) 12 4 3 5 12-14 15
6. «Хуҷанд» (Хуҷанд) 12 3 4 5 10-14 13
7. «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 11 3 3 5 9-18 12
8. «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 10 2 2 6 4-10 8
9. ССКА «Помир» (Душанбе) 12 0 4 8 6-17 4
10. «Истаравшан» (Истаравшан) 11 0 2 9 6-29 2

Нишонзанҳои беҳтарин: Ҳусейни СӮҲРОБӢ («Хайр”/ ”Истиқлол”) – 9 тӯб, Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол») – 7 тӯб, Ҷаҳонгир Эргашев («Истиқлол») – 5 тӯб.
XS
SM
MD
LG