Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Glencore дар «Ҷазира» майдони варзишӣ сохт


Glencore, ширкати швейсарӣ дар «Шаҳраки донишҷӯён» - и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, воқеъ дар маҳаллаи Буни Ҳисораки Душанбе, ки миёни мардум чун «Ҷазира» маъруф аст, майдони варзишӣ сохт.

Дар расми ифтитоҳи ин иншооти варзишӣ намояндагони Дастгоҳи иҷроияи президенти ҷумҳурӣ, Маҷлиси намояндагон, вазорати маориф ва дигар ниҳодҳои зирабти Тоҷикистон ширкат карданд.Фармоишгари ин майдони варзишӣ барои донишҷӯён ширкати Talco manаgеment ltd буда, сохтмонро ширкати «Алюминсохтмон» ба анҷом расондааст.

Бино ба иттилои расмӣ, майдони варзишӣ дар масоҳати 2600 метри мураббаъ бунёд шуда, 1000 ҷои нишаст дорад ва аз се майдончаи футболи хурд, волейбол, теннис ва баскетбол иборат аст.

Glencore аз бурузргтарин расонандаҳои ашёи хом ва маводи нодир дар ҷаҳон ба шумор меояд, ки дар тамоми гӯшаҳои ҷаҳон фаъолият дорад. Talco manаgеment ltd, ширкатест, ки дар Ҷазираҳои Вирҷинияи Бритониё сабти ном шудааст, дар асл 30 дарсад ба ҳукумат ва бақия ба шаҳрвандони Тоҷикистон тааллуқ дорад.

Glencore ва Talco manаgеment ltd ҳарду ширкати ҳамкори «Талко» - и Тоҷикистон ба шумор мераванд.

Glencore дар ҳамдастӣ бо ширкати дигар - Norsk Aluminium-и Норвегия «Талко» - ро бо гилхок ва дигар маводи зарурӣ барои алюминиум таъмин карда, бар иваз алюминии тайёр мегирад.
XS
SM
MD
LG